Дар доираи ҷаласаи коршиносон барои омода намудани вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо коршиноси Агентии федералӣ оид ба сайёҳии Федератсияи Россия Анастасия Бондеренко баргузор гардид.

Дар рафти вохурӣ нахуст масъалаи ҷаласаи коршиносон ҷиҳати омода намудани вохурии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ матраҳ гардид.

Ҳамчунин, тарафҳо омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба манзури мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуданд.