Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Япония дар соҳаи сайёҳӣ дар мулоқоти  Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо  роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) дар Тоҷикистон Такасака Мунео дар Душанбе баррасӣ гардид. Зикр шуд, ки Ҳукумати Япония тавассути Стипендияи рушди захираҳои инсонии Барномаи кумаки Япония (JDS) барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон саҳм мегузорад.