Ширкатҳои ҳунармандӣ

Ширкатҳои ҳунармандӣ

ҶДММ “Асрори санг  www.asrorisang.tj

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Шестопалова, 26

Телефонҳои: (+992) 918 18-18-08

E-mail: asrorisang@gmail.com

 

ҶДММ «Озара» дар 19 мкр, бинои 2-и шаҳри Хуҷанд ҷой гирифтааст. Ҷамъияти мазкур 14 декабри соли 2014 аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ), таъсис ёфтааст, ки маҳсулотҳои миллии аз сузаниҳо омода шударо ва дигар маҳсулотҳои ҳунариро мефурӯшад

Телефон барои тамос: 92 9050178  www.ozara.tj

 

ТҶ «Чашма» дар ноҳияи Шаҳритус ҷойгир мебоашд. Ташкилот ба фаъолияти қолинбофӣ машғул буда, моҳи сентябри соли 1998 таъсис ёфтааст. Ҳадафи ташкилот ин мусоидат ба рушди ҷомеа ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ тариқи дастгирии оилаҳо ва аҳолии камбизоат мебошад. ТҶ «Чашма» аз ҷониби дастгирии NASMB барқарор карда шуд ва дар соли 2013 аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон (Полша) ва Маркази Лаҳистон (Полша) оид ба кӯмаки байналмилалӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Дар корхона 20 нафар занҳо, ки пеш ба шуғле банд набуданд кор мекунанд.

МаҳсулотТашкилот ду намуд қолин истеҳсол мекунад:

-«қоқма» (бе пашм);  -қолинчаҳо (бо пашм).

 

ҶДММ Карон Гавҳарнигор” дар деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвози ВМКБ шуруъ аз моҳи августи соли 2015 фаъолият намуда истодааст. Дар корхона 4 сехи кор мекунад: 1. Сехи коркарди металҳои қиматбаҳо 2.тароши сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо 3.тароши сангҳои ороишӣ-истеҳсоли маснуоти туҳфаҳо барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ 4.Сехи заргаргарӣ

Телефон барои тамос: 934502500

Leave a comment