Тавре қаблан хабар додем, баъд аз се моҳи намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати Осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса 8 январ маросими пӯшидавии он баргузор гардид, ки дар анҷоми он раиси Ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Фаронса «Равзана», скрипканавози маъруф Шафақ Фаррухзод андешаҳояшро иброз намуд.

Мавсуф зикр кард, ки «баргузории намоишгоҳи осори таърихии «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Фаронса шахсан дар дили ман ҳисси ифтихорро бедор намуд. Ман дар Консерватория ба донишҷӯён мусиқии тоҷикӣ дарс медиҳам, оид ба фарҳангу тамаддунамон нақл мекунам. Бо ташкили ин намоишгоҳ онҳо на танҳо аз забони ман шуниданд, балки тавонистанд нигораҳоро бо чашмони худ бубинанд ва бо порае аз таъриху фарҳанги мо шинос шаванд».

Бояд гуфт, ки сокинони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо тӯли се моҳ имкон пайдо карданд, ки бо бозёфтҳои таърихии Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, расмҳои девори Панҷакенти бостонӣ, ёдгории машҳури Аҷина-теппа, қалъаи Кофарнихон, Хулбук, осори нодири тиллою нукра ва дигар нигораҳо аз наздик шинос шаванд.

«Барои дар чунин сатҳи баланд гузарондани ин намоишгоҳ корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Ташаккури зиёд ба ҳамаи онҳое, ки дар тӯли зиёда аз як сол кор карда, сарфи назар аз пандемияи коронавирус ин масъаларо ба охир расониданд. Дар чунин замони барои ҳама душвор, ки ҳатто ба ҷое рафтан осон нест, онҳо тавонистанд як ҳавопаймо нигораҳоро аз Тоҷикистон биёранд»,- иброз намуд Шафақ Фаррухзод

Ёдовар мешавем, ки маросими ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати Осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса 13 октябр бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид.