Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Япония дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита, ки фаъолияти дипломатиаш охири соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба поён мерасад, баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.

Сафири Япония ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, омӯзиши мутахассисони тоҷик дар самти идоракунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, технологияи иттилоотӣ, рушди соҳибкорӣ ва сайёҳӣ изҳор намуд.