Имрӯз вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии Тоҷикистону Озорбойҷон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озорбойҷон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озорбойҷон Фуад Нагиев вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи сайёҳии кишварҳои бо ҳам дӯст мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчун иқдоми аввал дар самти тақвияти ҳамкориҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мизи мудаввари маҷозӣ бо иштироки ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баргузор карда шавад.

Ҷонибҳо доир ба тақвияти муносибатҳо дар соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати ташкили хатсайрҳои нав, бозомӯзии мутахассисон ва пахши маълумот оид ба имкониятҳои сайёҳии ду кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма гуфтугуи судманд анҷом доданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо тақвияти заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҳамкориҳои тарафҳоро муҳим арзёбӣ карданд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.