Тоҷикистон ҳамроҳ бо 15 кишвари дигар ба рӯйхати давлатҳое, ки шаҳрвандони Россия метавонанд ба онҳо озодона ба истироҳат раванд, шомил шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik иттилоъ медиҳад, дар ин бора Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Федератсияи Россия хабар дод.

Имрӯз шаҳрвандони Россия метавонанд ба 16 давлати ҷаҳон ба истироҳат раванд.

Ин ташкилот инчунин тазаккур медиҳад, ки бинобар пандемия нозукиҳои иловагӣ барои онҳое, ки мехоҳанд сайр кунанд, ба вуҷуд омаданд.

Омодагии қабули гардишгарон дар як қатор кишварҳо ва барқарор будани парвозҳо бо Россия шаҳодати дастрасии соҳа барои сайёҳон аз Россия нест.

Айни ҳол 47 кишвар омода аст, ки сайёҳонро қабул кунад, аммо ҳамагӣ 16 кишвар аз онҳо дар ҳақиқат барои сайёҳони Россия бо ин ё он шароит кушода аст.

«Ба ҳолати 26 май ин кишварҳо Абхазия, Арманистон, Беларус, Юнон, Миср, Қазоқистон, Қирғизистон, Куба, Молдиви, Мексика, АМА, Сербия, Сейшел, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эфиопия мебошанд», — таъкид кардааст Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Федератсияи Россия.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шароити убури бидуни мамониати сарҳадот дар ҳар як кишвар гуногун аст.

Барои ҳамин, пеш аз сафар бояд тамоми талаботро омӯхт.

Ширкатҳои сайёҳӣ огоҳ мекунанд, 12 кишваре, ки парвозро расман барқарор кардаанд, феълан ба қабули сайёҳон аз Россия омода нестанд.

Инҳо Озарбойҷон, Австрия, Ветнам, Германия, Исландия, Ҳиндустон, Қатар, Малта, Арабистони Саудӣ, Сингапур, Финландия, Швейтсария, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки байни Тоҷикистон ва Россия парвозҳои мустақим барқарор шудаанд. Ҳоло Тоҷикистон тамоми шаҳрвандони Россияро қабул мекунад, аз ҷумла онҳое, ки бо мақсади сайёҳӣ ба мамлакат ворид мешаванд. Асосаш барои ин раводид лозим нест.

Аммо сайёҳони рус бояд бо худ маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемории коронавирус дошта бошанд.

Илова бар ин, агар шаҳрванди Россия ҳарду вояи ваксинаи «Спутник V»-ро гирифта бошад, он гоҳ метавонад бидуни пешниҳоди маълумоти тиббӣ вориди Тоҷикистон шавад.

Агар аз ваксиназанӣ бештар аз як моҳ гузашта бошад, метавонад бидуни маълумоти тиббӣ вориди кишвар шавад, агар камтар, бояд онро ба даст орад.