Рӯзи 18 ноябри соли 2021 барои танзими яке аз беҳтарин ғурфаҳои саёҳатӣ ва муаррифии шоистаи зарфиятҳои сайру саёҳат дар Тоҷикистон, имкониятҳои ҷалби сармоягузориҳо дар ин соҳа ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди сайёҳии байналмилалӣ ва зерсохтори хидматрасонии гардишгарон дар кишвар, ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаи махсуси Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарӣ (Qatar International Exhibition for Travel and Tourism –Qatar Travel Markt 2021) тақдим карда шуд.