СУС

Бо мақсади заминаи воқеӣ гузоштан ва ворид шудани соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 – ноябри соли 2007 дар шаҳри Картахена Индаси Ҷумҳурии Колумбия дар ҷаласаи 54 Асамблеияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфўз пазируфта шуд.

Узвияти мамлакати мо дар ин сохтор, ки яке аз 12 оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад, дар баробари омўзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва иштирок дар ҷараёни ҳаллу фасли масоили рўзмараи соҳа, барои ташаккул ва дар оянда мустаҳкам кардани имиҷи ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ бениҳоят манфиати зиёд мерасонад.

Инчунин, узвият ба ин созмон ҷиҳати Тоҷикистон барои гузаронидани таҳлилҳои маркетингӣ ва муайян кардани захираву имконоти кишвар дар  бахши сайёҳӣ шароити мусоидеро фароҳам хоҳад овард.

Кумита аз марҳилаи шомилшавӣ ҳамкориҳои судмандро бо роҳбарият ва коршиносони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ҷоннок намуда истодааст.

Коршиносони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ ва шарики боэътимоди ин Созмон эълон карда, дар шабакаҳои ҷаҳонии сайёҳӣ муносибати Роҳбарияти олии сиёсии кишварро оиди нақшаҳо баҳри рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ ҳамчун нишонаи сатҳи олии касбӣ, арзёбӣ намуда истодаанд.

Ҳамзамон, коршиносони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони Кумита иқтидори сайёҳии кишварро пайваста таҳлил намуда, ояндаи рушди онро дурахшон арзёбӣ карда истодаанд.

Leave a comment