Соҳаи сайёҳӣ дар замони муосир яке аз бахшҳои сердаромадтарини иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад.
Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи маърифати меҳмонпазирӣ бо иштироки кормандони Хадамоти гумрук, Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе семинарро дар мавзӯи “Тартиби қабул ва гусели сайёҳони хориҷӣ” доир намуд.
Дар кори омӯзиш кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва коршиносони сатҳи байналмилалӣ вобаста ба тартиби қабул ва гусели сайёҳон дар бахшҳои бақайдгирӣ ва бехатарӣ маърӯза намуданд.
Барои рушди туризми байналмилалӣ дар мамлакат тибқи ҳадафи олии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар амал татбиқ гардида, нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ ба таври муосир ба роҳ монда мешаванд. Ҳамчунин бренди сайёҳии ҷумҳурӣ васеъ тарғибу ташвиқ гардида, бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ боз ҳам ҷоннок карда мешавад.