Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар бахши сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.

Зикр шуд, ки таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангӣ, табиати нодири серобуранг ва мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистон заминаи устувори рушд барои соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, соҳаи мазкур дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.

Ҷониби Арабистони Саудӣ ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ изҳор намуда, зикр кард, ки баргузор намудани чорабиниҳои сайёҳии варзишӣ барои рушди ҷаҳонгардӣ мусоидат менамояд.

Инчунин ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки барои рушди устувори ҳамкории минбаъда санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва ба имзо расонида шавад.