Баҳри рушди фазои сармоягузориву сайёҳӣ дар Тоҷикистон мулоқоти Раиси  Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода бо роҳбарони ҳайати соҳибкорону сайёҳони Аморати Мутаҳиди Араб таҳти рахбарии Маҷид Султон ал Қосимӣ мушовири Вазири тағирёбии иқлим ва муҳити зисти АМА баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби фазои сармоягузорӣ, имконияти фаровони содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷалби сайёҳон аз АМА – ро мавриди барраси қарор доданд.

Ҳамчунин, тарафҳо омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Аморати Муттаҳиди Араб ба манзури мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҷалби сайёҳон аз АМА – ро таъкид намуданд.