Дар рӯзҳои 12-14 октябри соли 2021 гурӯҳи кории Кумитаи рушди сайёњї ба ноҳияи Ванҷи ВМКБ сафар намуд.

Рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Ванҷ ҷаласаи  ҷамъбастӣ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ дар нуҳмоҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳо то охири соли 2021 бо иштироки роҳбарият ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа дар баробари баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа таваҷҷуҳи хоса ба вазъи ободонии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншоотҳои тиҷоратӣ, зебогардонии роҳу кӯчаҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти нерӯи содиротӣ, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, безараргардонии корхонаю муассисаҳо, бе талаф ғундоштани ҳосил, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аз рӯи таҳлилҳои оморӣ муайян карда шуд, ки иҷрои қисми даромади буҷети ноҳияи Ванҷ дар нуҳмоҳи соли ҷорӣ ба андозаи 24 миллиону 401 ҳазору 929 сомонӣ ё 101,6 фоиз иҷро гардида, аз ҳисоби маблағҳои максаднок аз рӯи нақша маблағи 18 миллиону 594 ҳазор сомонӣ пешибинӣ гардида,  иҷро он бошад ба маблағи 18 миллиону 349 ҳазор сомонӣ, ки ин 98,7 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад, таъмин гардид.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар  нуҳмоҳи соли ҷорӣ аз рӯи нақша ба маблағи 25 миллиону 091 ҳазору 935 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он бошад ба маблағи 22 миллиону 902 ҳазору 651 сомонӣ ё ба андозаи 91,3 фоиз ба иҷро расонида шудааст.

Бояд қайд намуд, ки иҷрои нақшаи тасдиқшудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ  дар нуҳмоҳи  соли 2021 ба андозаи 106,33 таъмин гардид.

Иттиҳодияи минтақавии энергетикии ноҳия дар  нуҳмоҳи соли 2021 миқдори 8 миллиону 717 ҳазор кВт соат ба маблағи 1 миллиону 804 ҳазору 500 сомонӣ қувваи барқро истеҳсол намуд, ки ин  нишондод дар нуҳмоҳаи  соли 2020  миқдори 7 миллиону 866 ҳазор  кВт- соат  ва маблағи 1 милиону 540 ҳазор 900 сомонӣ буда, нисбатан маблағи 224200 сомонӣ ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои сердаромади ноҳия ба ҳисоб меравад. Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар нуҳмоҳи соли 2021 маблағи 5 миллиону 353 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 (4187900) маблағи 1 милиону 965 ҳазору 100 сомонӣ зиёд мебошад.

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгардӣ ноҳияи Ванҷ 254,1 км роҳҳоро, ки аз он 40 км роҳҳои байналмиллалӣ, 61,3 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, 152,8 км роҳҳои маҳаллӣ ва инчунин 30 адад пулҳо бо дарозии умумии 865 метр ва 452 адад қубурҳои обгузар бо дарозии умумии 2620 метрро ташкил медиҳад, таъмир ва нигоҳдорӣ менамояд.

Муассисаи нигоҳдории давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳия мувофиқи нақша дар нуҳмоҳаи соли 2021 барои таъмир ва нигаҳдории роҳҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон 237518 сомонӣ мувофиқи нақша пешбинӣ шуда, ба ҳолати 1 октябри соли 2021 100 фоиз маблағгузорӣ шудааст.

Баҳри дарёфти маблағ барои татбиқи барномаҳо ва дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок барои соҳибкорони ноҳия аз ҷониби масъулин чораҳои дахлдор андешида шуда, дар ин давра 9 лоиҳа тарҳрезӣ гардидааст.

Дар нуҳмоҳи соли 2021 аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 19735880 сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки дар самтҳои мухталифи рушди ноҳия хароҷот гардидаанд.

Кишоварзони ноҳияи Ванҷ дар давраи њисоботї ба маблағи умумии 40 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия истеҳсоли ғалладонагӣ 5 баробар, картошка 7,5, сабзавот 11,5, мева зиёда аз 32 баробар, гӯшт 4 ва тухм 30 баробар зиёд гардидааст, ки нишондиҳандаҳои мазкур ба ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуќаворї, шуғл ва афзоиши даромади аҳолӣ таъсири бевоситаи мусбат расонида истодаанд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳияи Ванҷ 29 муассиса бо зиёда аз 4 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 30 миллион сомонӣ ба истифода дода шудааст.

Дар зарфи сӣ соли охир муассисаҳои зиёди тандурустӣ бунёду навсозӣ карда шуда, табибону мутахассисон ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд.

Яке аз роҳҳои таъмин намудани тараққиёти ноҳияи Ванҷ таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ба бозори дохиливу хориҷӣ ба фурӯш баровардани маҳсулоти хушсифат мебошад.

Имрӯзҳо бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи “Мусоидат ба шуғлнокии ҷавонони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ  тавассути соҳаи сайёҳӣ дар шароити паҳншавии пандемияи КОВИД-19” амалӣ гардида истодааст, ки давоми як ҳафта, рӯзҳои 11-17 октябри соли ҷорӣ тренинги омӯзишӣ дар 4 деҳаи ҷамоати Язгулом гузаронида мешавад.

Амалишавии лоиҳаи мазкур барои беҳтар намудани шароити зисти насли ҷавони ҷамоати Язгулом тавассути дастгирӣ намудани ташаббускориҳои ҷавонон ҷиҳати рушди хизматрасонии сайёҳӣ имконият фароҳам меорад. Илова бар ин татбиқшавии босамари лоиҳа барои бартараф намудани мушкилоти бекории ҷавонон, ки аксар вақт тамоюлҳои манфӣ ба бор оварда, боиси пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ мегардад, мусоидат менамояд.

Дар интиҳои кори ҷаласа Раиси Кумита аз сокинони шарафманди ноҳияи Ванҷ даъват ба амал овард, ки бањри пешрафти минбаъдаи Ватани азизамон, таъмини сатњи шоистаи зисти мардум аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда, дар ободонии кишвар сањмгузор бошанд.