Дар доираи сафари қарибулвуқӯи сатҳи олӣ вохӯрии муовини якуми Вазири сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ баргузор шуд.

Ҷонибҳо масъалаи дурнамои рушди ҳамкориҳои минтаќавї дар соҳаи сайёҳиро бо мақсади тавсеаи минбаъдаи робитањои мутаќобилан судманд мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр шуд, ки барои Тоҷикистон рушди сайёҳӣ аҳамияти хоса дошта, ташкили инфросохтори зарурии сайёҳӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани он дар авлавияти сиёсати Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Имрӯз мавқеи Тоҷикистон зери ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ таҳким ёфтааст.

Айни замон ҳамкориҳо байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодааст. Ин омил имконият медиҳад, ки сайёҳони хориҷӣ зимни саёҳати худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ якбора чанд кишвари дорои пайроҳаи Шоҳроҳи Абрешимро дидан намоянд.

Зимни муҳокимаронӣ ҳайатҳои ду ҷониб ҳамчунин оид ба масъалаи дастрасии нархҳо барои хизматрасонии сайёҳӣ дар давраи пас аз пандемия, таъсири COVID-19 ба соҳаи сайёҳӣ ва парвози нави байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар масири Душанбе-Самарқанд-Душанбе ибрози назар намуданд.