Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин  Ҷӯразода дар ҷаласаи 36-уми вазирони Кумитаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкории исломӣ (COMCEC), ки  25-26 ноябр дар Анқара дар сиғаи онлайн ба таври фосилавӣ доир гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро  намояндагӣ намуд. Мавсуф зимни ҳамоиш доир ба «Стратегия дар мавриди бартараф намудани таъсири манфӣ ба соҳаи сайёҳӣ баъд аз COVID-19» сухан гуфт. Дар ин хусус  аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Туркия   Реҷеп Тайип Эрдоган, Котиби генералии Созмони ҳамкории исломӣ доктор Юсуф Ал-Отаймин, Президенти Бонки рушди исломӣ  доктор Бандар М. Ҳаҷҷар, Раиси Палатаи исломии савдо, саноат ва кишоварзӣ Шайх Абдулло Солеҳ Комил ва дигар роҳбарони аршади СҲИ иштирок ва сухан намуданд.

Зикр шуд, ки соҳаи сайёҳӣ сутуни иқтисод ва воситаи рӯзгузаронии миллионҳо сокинони кишварҳои сайёра маҳсуб ёфта, даромад аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти ҷаҳон давоми бист соли охир аз 490 миллиард ба 1,6 триллион доллари амрикоӣ расид. Шиддат гирифтани таъсири манфии бемории ҳамагири COVID-19 давоми 9 моҳи имсол 2.2 триллион доллари амрикоӣ ба иқтисоди ҷаҳон хисорот оварда, беш аз 1 миллиард аҳолии ҷаҳон шуғли худро аз даст доданд, аз ҷумла шаҳрвандони давлати мо низ. Бо ҷорӣ гардидани маҳдудият дар парвозҳои байналмилалӣ ва баста шудани сарҳадҳо аксари ширкатҳои сайёҳии ватанӣ аз фаъолият боз монда, кормандони худро ба таътили бемузд равон намуданд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба муқаррароти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷиҳати стандартикунонии меҳмонхонаҳо, ҳостелҳо, мотелҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва фурудгоҳҳо иқдоми нав роҳандозӣ намудааст, ки ҷиҳати эҷоди саёҳати бехатар дар мамлакат мусоидат менамояд.

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳим, аз қабили татбиқи стратегияи COMCEC, тавсеаи муносибатҳо дар соҳаи тиҷорат, молия, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва мусоидат ба соҳибкорӣ барои баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии сайёҳӣ дар кишварҳои аъзо баррасӣ гардиданд. Зимни мубодилаи афкор иштирокдорони ҷаласа саҳми СҲИ-ро дар бартараф намудани паёмадҳои хисоротовари COVID-19  дар иқтисоди кишварҳо муҳим арзёбӣ намуда, дастгирии бахши хусусӣ ва корхонаҳои хурдро дар ин давра саривақтӣ донистанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби давлатҳои аъзо Қатъномаи ҷаласаи 36-уми вазирони Кумитаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии СҲИ қабул шуд.