Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тоҷиддин Ҷӯразода бо кӯҳнавард  Виталий Хинензон, нахустин тоҷикистоние, ки рӯзи 1 июни соли равон Ҷомолунгма (Эверест), баландтарин нуқтаи сайёраро фатҳ кард, вохӯрӣ намуд. Раиси Кумита парафшон кардани парчами Тоҷикистонро дар қуллаи Эверест дастоварди муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки муаррифии кишвари азизамон дар чунин қуллаи баланд боиси зиёд шудани шумораи ҳаводорони сайру саёҳат ба Ватани биҳиштосоямон мегардад.

Зикр гардид, ки дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ, бахусус густариши  саёҳати варзишӣ — кӯҳнавардӣ  таваҷҷуҳи махсус дода шуда, корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд.

Таҳия ва қабули стратегияву барномаҳои миёнамуҳлати рушди сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити муосир барои рушди сайёҳӣ, бахусус барои ширкатҳои сайёҳӣ додани имтиёзҳо бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ аз иқдомҳои дурандешонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ, бахусус кӯҳнавардӣ дар кишварамон мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи кишварҳое меистад, ки метавонад аз намуди сайёҳии кӯҳӣ даромади зиёд ба даст орад, зеро 93 фоизи қаламрави мамлакатро кӯҳҳо ташкил кардаасту табиати такрорнашаванда дорад.

Сайёҳии кӯҳнавардӣ нисбат ба дигар соҳаҳои фаъолияти сайёҳӣ яке аз соҳаи афзалиятнок ва пешқадам ба ҳисоб меравад. Саёҳат ба мамлакатҳои куҳсор таваҷҷӯҳи сайёҳонро бештар ба худ ҷалб мекунад. Сайёҳон дар ҳамешагӣ намуди сайёҳии фаъолро аз ќабили сайёҳии саргузаштӣ, трекинг, алпинизм, сайёҳии кӯҳӣ ва рафтингро интихоб мекунанд.

Тоҷиддин Ҷӯразода Виталий Хинензонро даъват намуд, ки бо дарназардошти таҷрибаи бойи худ дар самти кӯҳнавардӣ дар омода кардани мутахассисони ҷавон ва муаррифии назокату зарфиятҳои табиати кӯҳсори кишвар бо Кумита ва ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ҳамкории амалӣ намояд.

Ин сайёҳи кӯҳнавард таҷрибаи беш аз 20 — сола дошта, қуллаи Исмоили Сомонӣ ва дигар қуллаҳои маъруфи дохил ва хориҷи кишварро фатҳ кардааст.