Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 24 ноябр таҷлил мегардад, имрӯз дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти унвони «Парчами миллӣ — ливое, ки сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистонро бо он мешиносанд», бо иштироки кормандони Кумита ҳамоиш доир гардид.
Баъди ботантана садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш оғоз шуда, раиси Кумита Тоҷиддин Ҷӯразода суханронӣ намуда, кулли кормандони соҳаи сайёҳиро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки бузургони мо ҳамеша дӯстиро тарғиб кардаанд ва Тоҷикистони биҳиштосои мо, зери сарварии Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатӣ сиёсати дӯстию бародарӣ ва дарҳои кушодро пеш гирифт ва Парчами миллӣ – ливоест, ки сайёҳони хориҷӣ Тоҷикистонро бо он мешиносанд ва ҳар ки бо нияти пок, дӯстонаву хайрхоҳона ба диёри мо меояд, дари дилу дари хонаҳои мо ба рӯи ӯ боз аст.
Зикр гардид, ки дар хатсайрҳо ва барномаҳои ширкатҳои сайёҳии ватанӣ тамошои Парчами миллӣ, ки дар маркази шаҳр — дар Боғи Парчами миллӣ воқеъ аст, ҷой дода шуда ва он таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб менамояд.
Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон доир ба аҳамияти Парчами миллӣ дар муаррифии соҳаи сайёҳии мамлакат табодули назар намуданд.