Дар Тоҷикистон боз панҷ ширкати нави сайёҳӣ – ҶДММ “Сайри якҷоя”, ҶДММ “Маркази байналмилалии омӯзиши забонҳои хориҷӣ”, ҶДММ “Масъудиён”, ҶСК “Хизматрасонии сайёҳӣ”, таъсис ёфта, муҳлати амали иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии ҶДММ “Интурист” тамдид гардид.

Бо мақсади мусоидат дар роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида ҷамъ ба 234 ширкати сайёҳӣ иҷозатнома дода шудааст.

Аз ин шумора 30 ширкати сайёҳӣ соли 2020 ва 24 ширкат соли 2021 таъсис ёфтаанд.

Зимни тақдими иҷозатномаҳои фаъолияти сайёҳӣ ба ширкатҳои навтаъсис раиси Кумита Тоҷиддин Ҷӯразода таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои сайёҳиро оид ба масъалаҳои татбиқи босамари имтиёзҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат роҳандозӣ гардиданд, дар сатҳи баланд ҷамъбаст намудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, таҳким бахшидан ба рушди сайёҳии дохилӣ, гуногунсозии таркиби сабади маҳсулоти сайёҳии Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои бойи сайёҳии мамлакат, таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, зиёд таҳия ва нашр намудани маводи нави иттилоотии тарғиботӣ ва муаррифии онҳо тавассути шабакаҳои имконпазири иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии ҷавобгў ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳӣ ҷалб намуда, тавсияву дастурҳои мушаххас дода шуд.

Роҳбарони ширкатҳои сайёҳии навтаъсис аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос карда, барои рақобати солим бо омодасозии барномаҳои ҷолиб ва хатсайрҳои нави сайёҳӣ барои ҷалби бештари сайёҳон омодагии худро изҳор доштанд.

Қобили қайд аст, ки дар заминаи имтиёзҳои дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш ёфта, шумораи ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шуд ва ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан устувор гаштани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат таъсири мусбат расонида истодаанд.