Имрӯз бо мақсади ифтитоҳи марҳилаи аввали татбиқи 2-юм лоиҳаи муштараки грантии Иттиҳоди Аврупо дар самти баланд бардоштани самаранокии нерӯи барқ ва гузаштан ба нерӯи барқи таҷдидшаванда бо иштироки намояндагони мақомоти давлатии салоҳиятдори соҳаи сайёҳӣ ва ассотсиатсияҳои дар ҷомеа асосёфтаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон видеоконфронс баргузор гардид.

Дар видеоконфронс ба таври фосилавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони татбиқкунандаи лоиҳа – Маркази Тоҷикистону Норвегия оид ба рушди устувор (Tajnor consulting) ва Ассотсиатсияи ташкилоти хурди молиявии Тоҷикистон (АМФОТ) намояндагӣ карданд.

Намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ дар баромади худ изҳор дошт, ки рушди технологияи нерӯи барқи таҷдидшаванда самаранокии истифодаи нерӯи барқро боло бурда, ҳаҷми партобҳои газҳои гулхонаиро дар муҳити зист коҳиш медиҳад. Гузаштан ба нерӯи барқи таҷдидшаванда дар покиза нигоҳ доштани табиат нақши барҷаста дошта, барои рушди босуботи сайёҳати экологӣ дар минтақа мусоидат менамояд.

Тавре зикр гардид, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалишавии чунин лоиҳаҳои ба рушди сайёҳӣ нигаронидашуда дар давраи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саривақтӣ буда, бори дигар аз таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳии мамлакат шаҳодат медиҳад.

Дар шароити ҳукмронии буҳрони коронавирус ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи сайёҳии мамлакат, хусусан дар самти рушди инфрасохтори неруи барқи таҷдидшавандаи аз ҷиҳати экологӣ бехатар дар водии Зарафшон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон бисёр муҳим буда, амалӣ намудани онҳо ба беҳтарсозии шароити иншооти сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Маврид ба ёдоварист, ки як моҳ қабл марҳилаи аввали татбиқи якум лоиҳаи муштараки грантии Иттиҳоди Аврупо дар самти пайваст намудани бахши сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи Осиёи Марказӣ ба бозори Аврупо дар доираи ташаббусҳои Роҳи Абрешим оғоз гардида буд.