Санаи 18 сентябри соли 2020 маросими расми ифтитоҳи марҳилаи аввали татбиқи ду лоиҳаи муштараки грантии Иттиҳоди Аврупо дар самти рушди устувори соҳаи сайёҳии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар сиғаи онлайн баргузор гардид. Тавре роҳбари намояндагии  Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Франческо Страниер изҳор дошт, лоиҳаҳои “Ташаббуси сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи Роҳи Абрешим: пайваст намудани бахши сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи Осиёи Марказӣ ва бозори Аврупо” ва “Мусоидат ба самаранокии энергетикӣ ва истеҳсоли нерӯи барқи барқароршаванда дар бахши сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи Осиёи Марказӣ” ба воситаи Дафтари Агентӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд (АКТЕД) дар минтақа амалӣ карда мешавад.Дар чорабинии мазкур ба таври фосилавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъулини Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони Ассотсиатсияи дар ҷомеа ассосёфтаи Тоҷикистон (АТҶАТ) ва Ассотсиатсияи ташкилоти хурди молиявии Тоҷикистон (АМФОТ) намояндагӣ карданд. Намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ зимни суханронии худ иброз дошт, ки дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалишавии чунин лоиҳаҳои ба рушди сайёҳӣ нигаронидашуда дар давраи эълон гардидани “2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фоли нек буда, бори дигар аз таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳии мамлакат далолат мекунад. Дар шароити ҳукумронии бӯҳрони коронавирус ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи сайёҳии кишвар, хусусан дар самти рушди инфрасохтори нерӯи барқи таҷдидшавандаи аз ҷиҳати экологӣ бехатар дар водии Зарафшон, шаҳру ноҳияиҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон бисёр муҳим буда, амалӣ намудани онҳо ба беҳтарсозии шароити иншоотҳои сайёҳии аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақаҳои болозикр ба рушди сайёҳии экологӣ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки Кумита ҳамчун мақоми ваколатдори соҳа дар ҳамкорӣ бо Дафтари Агентӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд (АКТЕД), иттиҳодияҳои сайёҳӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои марбута ҷиҳати татбиқи босамари лоиҳаҳои мазкур чораҳои таъхирнопазир меандешад.
         Ҳаҷми умумии маблағи ҳарду лоиҳа 4 миллион евро буда, аз ҳамин маблағ 2,68 миллон дар самти рушди устувори нерӯи барқи таҷдидшаванда дар соҳаи сайёҳӣ ва 1,28 миллиони боқимонда дар самти таҳкими соҳаи сайёҳии дар ҷомеа асосёфтаи Роҳи Абрешими кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон равона мегарданд.
         Мақсади асосии лоиҳаҳои мазкур пеш аз ҳама роҳандозӣ намудани навоварӣ, ҳамгироӣ,  тавсияҳо оид ба сиёсатгузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи брендҳои маҳҳалӣ, маркетинги Роҳи Абрешим, нақшаи сертификаткунонии хатсайрҳои сайёҳӣ-экологӣ, таъмини рушди устувори нерӯи барқи сабз, тарғиби маҳаллаҳо ва сайёҳати экологии минтақаи Осиёи Марказӣ барои сайёҳони аврупоӣ мебошад. Мӯҳлати амалишавии лоиҳаҳо дар се кишвари Осиёи Марказӣ то соли 2023 пешбинӣ гардидааст.
         Дар фарҷоми маросим иқтидорҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли презентатсия пешкаши иштирокчиёни чорабинии мазкур гардонида шуд.