Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба кишвар раводиди навъи сайёҳии бисёркаратаи то 60-рӯза барои шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ фароҳам оварда шуда, низоми содакардашудаи раводид бо 112 давлат ба роҳ монда шудааст ва аз 1 январи соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон барои ворид шудан ба ҷумҳурӣ низоми бидуни раводид ба муддати 1 моҳ ҷорӣ гардид. Ҳамин тавр, ба қаламрави Тоҷикистон бидуни барасмиятдарории раводид шаҳрвандони кишварҳои зерин метавонанд ворид шаванд:

ДавлатДавлатДавлат
1Австралия19Италия37Эстония
2АМА20Кореяи ҷанубӣ38Юнон
3Люксембург21Куба39Лихтенштейн
4Бруней22Латвия40Монако
5Кувайт23Литва41Арабистони Саудӣ
6Қатар24Малдив42Баҳрайн
7Зеландияи Нав25Полша43Белгия
8ИМА26Португалия44Дания
9Исландия27Сингапур45Испания
10Канада28Туркия46Нидерландия
11Швейтсария29Филиппин47Норвегия
12Малайзия30Финляндия48Таиланд
13Маҷористон31Фаронса49Урдун
14Австрия32Хорватия50Шветсия
15Аргентина33Чехия51Ямайка
16Олмон34Чили52Ҷопон
17Доминикан35Шри-Ланка  
18Индонезия36Эквадор  

Шаҳрвандони 14 кишваре, ки раводидро дар шакли содакардашуда имкони дастрас намудан доранд, инҳоянд:

ДавлатДавлат
1Камбоҷа8Бенин
2Бутан9Танзания
3Гондурас10Кения
4Кабо-Верде11Лаос
5Никарагуа12Конго
6Гана13Бангладеш
7Камерун14Буркина-Фасо

Ба шаҳрвандони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Россия барои ворид шудан ба Тоҷикистон бар асоси қарордод дар бораи низоми бидуни раводид барои сафар ба раводид ниёз надоранд. Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, низоми раводиди электронии Тоҷикистон ба панҷгонаи низомҳои беҳтарини пешниҳоди раводид ворид гардида, зинаи чорумро сазовор гардидааст. Барои маълумоти муфассал, ва гирифтани раводид лутфан ба сомонаи расмии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон нигаред www.evisa.tj