Нақши сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дар тарғиби зарфиятҳои сайёҳӣ бориз аст

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ  дар заминаи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар робита ба баланд бардоштани нуфуз ва ҷолибияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таблиғи мавзеъҳои сайёҳӣ дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, ҳамчунин бо мақсади ҷой намудани рубрикаи сайёҳӣ дар сомонаи мақомоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишӣ ба нақша гирифта шуда, амалӣ гардида истодааст.

Бо ин мақсад ҳафтаи равон дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон чунин омӯзишҳо бо ҷалби масъулини мақомоти маҳаллӣ гузаронида шуданд.

Дар семинари мазкур тариқи рӯнамо тарзи сохтани сомонаҳои сайёҳӣ ва ҷой намудани маълумотномаи сайёҳӣ дар сомонаи мақомот ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ нишон дода мешаванд.

Дар вилояти Хатлон ҳолати инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ба тадриҷ рушду нумӯъ ёфта, 931 адад ёдгории мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 106 адад меҳмонхона, 131 адад мавзеъҳои сайёҳӣ, 138 адад истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 133 адад тарабхона, 42 адад осорхонаҳо, 118 адад чойхона, 278 адад банкоматҳои хизматрасониҳои бонкӣ, 60 адад ҳоумстей ва гестхаусҳо, 82 адад мағозаи фурӯши армуғонҳо, 116 адад зиёратгоҳҳо, 44 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, 27 адад маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.

Хатлонзамин бо ёдгориҳои бостонӣ, табиати зебову водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва ҳавои форамаш дили сайёҳонро тасхир намудааст.

Қариб дар ҳамаи ноҳияҳо дар мавсими баҳор сайри табиат ва зиёрати мавзеъҳои таърихии динӣ, ба ҳукми анъана даромадааст. Алахусус, мақбараи “Мир Саид Алии Ҳамадонӣ” дар шаҳри Кӯлоб, “Қалъаи Ҳулбук” дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи “Хоҷа Машҳад”-у мавзеи “Чилучорчашма” дар ноҳияи Носири Хусрав, оромгоҳи “Зайналобуддин” дар ноҳияи Дӯстӣ, мавзеи мазори “Ҳазрати Султон” дар ноҳияи Ховалинг, мавзеи шаршараи “Сарихосор” дар ноҳияи Балҷувон, мавзеи “Чилдухтарон” дар ноҳияи Муъминобод ва даҳҳо дигар мавзеъҳо таваҷҷуҳи теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб карда истодаанд.

Қобили қайд аст, ки чунин семинарҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ташкил ва гузаронида мешавад.