Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ 22 сентябри соли равон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши кадрҳои ҷавони баландтахасус дар пешрафти соҳаи сайёҳии кишвар” доир гардид, ки дар кори он намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, устодон ва донишҷӯёни риштаи сайёҳии донишкадаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
         Пас аз табрик намудани ҷамъомадагони маҳфил ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ дарҷ намуд, ки ҷавонони даврони истиқлолият нерӯи пешбарандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, фардои дурахшони ин миллату сарзамин аз онҳо вобастагии зиёд дорад. Махсусан таъкид карда шуд, ки имрӯз ҳаштод дарсади кормандони соҳаи сайёҳӣ, аз қабили шаркатҳои сайёҳӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, марказҳои тафреҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва марказҳои дилхуширо дар кишвар ҷавонон ташкил медиҳанд.
         Тавре иттилоъ дода шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон сарзамини кӯҳистон буда, табиати зебову нотакрор, обҳои софу зулол, чашмаҳои мусаффо, таъриху фарҳанги қадимӣ, маконҳои таърихию фарҳангӣ ва аз ҳама муҳим мардуми  меҳмоннавозу меҳрубон дорад. Ин арзишҳои неки ниёгон ва иқтидорҳои сайёҳии кишварро танҳо кадрҳои ҷавони соҳибтахассус дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ метавонанд дуруст муаррифӣ намоянд ва дар самти таълим ва тарбияи чунин кадрҳои ҷавони дорои тафаккури созанда нақши муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бениҳоят бузург аст.
         Инчунин, таъкид гардид, ки аз нахусти рӯзҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи сайёҳӣ дар мадди назари бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор гирифта, минбаъд дар бунёди пойдевори асосии ин соҳаи аз лиҳози иқтисодӣ муҳим саҳми беандоза гузоштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ саволу ҷавоб сурат гирифта, донишҷӯён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Ҳамчунин, садорати донишкада изҳор доштанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва ҷаҳонбинии донишҷӯён талош меварзанд бо иштироки намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ чунин маҳфилҳои таҷрибавию иттилоотиро пайваста роҳандозӣ намоянд.