Рӯзҳои  6-8 июли соли 2021 таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ   гурӯҳи кории Кумита ба ноҳияи Ванҷи ВМКБ сафарбар гардид.

Рӯзи 7 июли соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Ванҷ ҷаласаи  ҷамъбастӣ оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ванҷ дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2021 бо иштироки роҳбарият ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа дар баробари баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа таваҷҷуҳи хоса ба омодагӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, иҷрои ҳатмии қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгириии бемории сироятии COVID-19, риояи қатъии қоидаҳои муқарраршудаи беҳдоштӣ ва корҳои амалии дар ин самт анҷомдодашуда  ба ҳозирин ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ таъкид гардид.

Ҳамчунин масъалаи вазъи ободонии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншоотҳои тиҷоратӣ, зебогардонии роҳу кӯчаҳо, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои ёрирасон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти нерӯи содиротӣ, муҳайё кардани ҷойҳои корӣ, безараргардонии корхонаю муассисаҳо, бе талаф ғундоштани ҳосил, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи дурнамо сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ  кишоварзони ноҳия дар соли 2021 дар  майдони 1493 га кишти зироатҳои кишоварзиро гузарониданд. Аз ҷумла дар майдони   576,65 га кишти зироатҳои ғаллагӣ, аз ин 160 га гандуми тирамоҳӣ, 39 га гандуми баҳорӣ, 70 га ҷав, 305,65  га зироатҳои лубиёгӣ, 2 га ҷуворимака барои дон, 476 га картошка, 188 га сабзавот ва дар майдони 252 га кишти алафҳои бисёрсола  гузаронида шудааст.

Соли равон дар хоҷагиҳои ноҳия 14,29 га боғи нав бунёд гардида, 9 га боғҳои кӯҳна барқарор карда шуданд. Майдони ниҳолхонаҳо дар хоҷагиҳои ноҳия ба ҳолати 1 июли соли 2021 1,5 га-ро ташкил медиҳад.

Иттиҳодияи минтақавии энергетикии ноҳия дар  шашмоҳаи  соли 2020 миқдори 5 миллиону 566 ҳазор  кВт соат ба маблағи 1 миллиону 191 ҳазору 400 сомонӣ  қувваи барқро истеҳсол намуд, ки ин  нишондод дар шашмоҳаи  соли  2021  миқдори 5 миллиону 742 000 кВт- соат  ва маблағи 1 милиону 432  ҳазор 400 сомонӣ буда, нисбатан маблағи 241400 сомонӣ  ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Соњаи саноат яке аз соњањои сердаромади ноњия ба њисоб меравад. Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар шашмоҳаи соли 2021 маблағи 3 миллиону 929 ҳазору 500 сомониро ташкил намуд, ки нисбати  ҳамин давраи соли 2020 маблағи (2721500) ё 1208000 сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади рушди соҳаи маориф дар ноҳия бунёди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шуда, аллакай бунёд як адади он оғоз гардидааст.

Ҷиҳати ба талаботи муосир мутобиқ намудани роҳҳои автомобилгарди ноҳия сохтмони 8 пул босуръат идома дошта, дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Боиси фараҳмандӣ аст, ки сокинони ноҳия, аз ҷумла соҳибкорон дар амалисозии тадбирҳо бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда саҳми муносиб гузошта истодаанд.

Иншооти банақшагирифташуда бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар давраи солҳои 2018-2021 дар маҷмуъ 86 ададро дарбар гирифта, аксари онҳо то ба имрӯз 84 адад сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар ду иншоот корҳо идома дорад

Қобили тазаккур аст, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати равнақ бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва зебо гардонидани ҳар гӯшаи зебоманзари диёрамон соҳибкорони муваффақ ва фаъоли ноҳияи Ванҷро, ки дар пойтахт ва дигар минтақаҳо мамлакат фаъолият доранд сарҷамъ намуда бо онҳо вохӯрӣ баргузор намуд.

Аз соҳибкорон даъват ба амал оварда шуд, ки бо дарназардошти имконият ва ҷалби бештари соҳибкорони муваффақ ва сокинони саховатпешаи ин минтақа дар татбиқи ҳадафи олии кишвар – баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  ва пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ тамоми нерӯи мавҷударо сафарбар карда, саҳми муносиб гузоранд.

Дар минтақаҳои дурдасти ноҳия аҳолии маҳаллӣ ба рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳмонхонаву ошхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, иншооти варзишӣ, боғчаҳо, марказҳои фароғатӣ, сартарошхонаву кошонаи ҳусн, ҳаммом ва бунгоҳҳои тиббӣ бо ҳуҷраҳои хатнаи писарбачагон ниёзи бештар доранд ва дар вохӯрӣ диққати соҳибкорон маҳз ба ҳамин масъала нигаронда шуд.

Айни замон  дар 14 деҳаи ноҳия аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони майдонча ва толори варзишӣ оғоз гардида, дар ин ҷода корҳо идома доранд.

Ҳамзамон дар ноҳия сохтмони 11 адад иншооти иловагии таъиноташон гуногун бо маром идома дошта, то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд.

Ноҳияи Ванҷ барои рушди сайёҳии куҳнавардӣ ва экологӣ дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад. Хусусан мавзеъҳои таърихию истироҳатии Пиряхҳои Хирсон, Федченко, Кашола Ях, мавзеъҳои Зинг, Дараи Довгӣ, Чашмаи Шоҳмастон, Язғулом ба рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.

Мавриди зикр аст, ки маводҳои итилоотию тарғиботии Кумитаи рушди сайёҳӣ  низ маконҳои тамошобоби минтаќаро фаро гирифта дар байни дўстдорони сайру саёҳат бо тариќи ройгон паҳн гашта истодаанд.

Дар ноҳия як ширкати сайёҳӣ, 6 меҳмонхона бо 23 ҳуҷра ва 77 кат ба мизоҷон хизмат мекунанд. Дар қисмати Ванҷи Боло Маҷмааи сайёҳии “Ванҷи Боло” бо меҳмонхонаи замонавӣ фаъолият намуда истодааст.

Барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ноҳия иқтидори воқеӣ дорад, Наздики сад нафар ҳунарманди ноҳия дар намоишгоҳҳои сайёҳию ҳунармандӣ аз рӯи намудҳои оҳангарӣ, бофандагӣ, сузанидузӣ, чубтарошӣ, дуредгарӣ, дузандагӣ, сабадбофӣ дастранҷи худро ба намоиш мегузоранд.

Дар ҷараёни сафар Раиси Кумита ҳамчунин аз раванди иншооти бунёдшаванда бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз наздик шинос гардида, ҷиҳати саривақт ва босифат анҷом додани корҳои бунёдӣ ба масъулин маслиҳатҳо дода шуд.