Намудҳои ҳунармандӣ

Намудҳои ҳунармандӣ

ФЕҲРИСТИ МИЛЛИИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИ ҒАЙРИМОДДИИ

ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  Номи унсур Тавсифи мухтасар
1 АБРБАНДӢ Абрбандӣ як навъ санъати гулпартоӣ дар матоъҳо мебошад, ки бо танидани абрешим ва ресмон дар нахҳои тор сурат мегирад. Дастгоҳи абрбандӣ аз ду чубчаи дарозиаш 1-метр ва ду ҷуфт мехи чубини дарозиаш 1-1,2 м, ки дар фосилаи 3-3,5 м аз ҳам ба фарш куфта шудаанд, иборат мебошад. Дар вақти гулрезӣ ҷойҳои нақши гулҳоро бо ресмон мепечонанд, то ки ранг нарасад. Санъати абрбандӣ дар ороиши матоъҳои атлас, адрас, шохӣ ва қисман алача ба кор меравад.
2 АДРАСБОФӢ Бофтани навъе аз матои маҳаллӣ, ки аз нахҳои абрешимӣ ва пахтагин бофта мешавад. Пуди адрас аз се ресмони борики сафед ё ранга иборат мебошад. Андозаи бари адрасҳо маъмулан се хел мешаванд: оддӣ (”одмиёна”) – 40 см, сербар (”олчинбар”) – 70 см ва камбар (”якбара”) – 26 см. Барои гулпартоӣ адрасро абрбандӣ мекунанд.
3 АЛОЧАБОФӢ

зебак, фарангӣ,

абрешимӣ.

Алоча матои рахдори рангоранг ва дорои нақшу нигори мураккабу реза мебошад. Нақши алоча аз рахҳои ҳаррангаи кабуд, сабз, сиёҳ, сурх ва зард таркиб меёбад. Нақшҳои он «миттӣ», «мушку заъфар» ва «байрак» ном доранд. Тори алочаи дубанда 400 нах дошта, бараш такрибан 40 см мебошад. Пудашро аз ресмони кабуд, сиёҳ ва баъзан сабз тайёр мекунанд.
4 АНГУШТАРИН- СОЗӢ,

чалласозй

Як навъ ҳунари заргарии нафиса, ки аз нуқра, тилло ва дигар филизот, аз он ҷумла ғайриқимматбаҳо ангуштарин сохта мешавад. Ангуштарин ҳамчун унсури ороишӣ аз қадимулайём истифода мешавад. Имруз он ҳамчун туҳфаи тарафайни домод ва арус маъмул аст.
5 АТЛАСБОФӢ Матои атлас дар дастгоҳҳои махсус ва корхонаҳои замонавӣ истеҳсол мешавад. Нусхаҳои анъанавии онро шоҳсабз, барги карам ва атласи сиёҳ меномиданд. Атласи абрешимиро барои либосҳои занона ва нимабрешимиашро барои абраи курпаю курпача ва ғайра истифода мебурданд. Раванди коркарди абрешим аз се марҳилаи асосӣ иборат буд: тайёр кардани калоба ё ресмон, бофтан ва ороиши матоъ. Рангубор намудани калоба ду зинаро дар бар мегирифт: ишқоркунӣ ва кабудгарӣ. Атласҳои машҳур бо номҳои «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ», «Тўҳфа», «Туёна», «Муҳаббат», «Дилором», «Тирукамон», «Хосиятхон» ва ғайра номгузорӣ шудаанд.
6 АЪҶУБАСОЗӢ Аъҷубасозӣ як бахши ҳунари кулолӣ аст, ки ба сохтани бозичаҳои гилӣ ва сафолӣ марбут аст. Усто аз гил аъҷубаҳои гуногун ба сурати одамчаҳо, аспу саг, гову буз, аждаҳо ва инчунин хуштак, шамъдону гулдон ва ғайра сохта, дар ҷойи соя мехушконад. Сипас дар танури махсус бозичаҳоро дар оташи паст дар давоми як шабонаруз мепазад. Баъди пухта, сард шудан бозичаҳоро аз танур берун оварда, сир медавонад ва рангубору ороиш медиҳад.
7 БЕҚАСАББОФӢ Беқасаб матои нимабрешимии якранг ё рах-рахи ранга буда, нахи тори беқасаб борику нахи пудаш ғафс мешавад, ки он баръакси тори адрас мебошад. Тори онро аз абрешими нафиси сабз, кабуд, зард, сурх, гулобӣ, қаҳваранг тайёр мекунанд. Тори беқасаб аз 12 то 18 банд иборат аст. Аз матои беқасаб ҷома, камзўл, руймоли миёнбанд, курпача ва ғ. духта мешавад.
8 БОФАНДАГӢ Ҷараёни технологии аз ресмон бофтани матоъ. Матоъ аз бофтаи ду низоми нахҳои нисбат ба ҳамдигар амудӣ – тору пуд ҳосил мешавад. Тору пуд дар заминаи нахпечонӣ, тортанӣ, охардихӣ ва фарқкушоӣ тайёр карда мешавад. Абрешим, пашм, зағирпоя, канаб, пахта, чут ва ғайра ашёи хоми бофандагианд. Дар давоми асрҳо аҳолии маҳаллӣ аз алоча, қаламӣ, суф, чит, карбос, дока ва ғайра истифода мебурданд.
9 БУРЁБОФӢ Бурёбофӣ як навъ ҳунари анъанавии мардумӣ мебошад. Бурё аз поячуби шикастаи най бофта мешавад. Поячуби хушки найро бо найчубро ба ду парра ҷудо карда, онро бо куба мешикананд. Дар натиҷа пораҳои дарозруяи тунук ҳосил мешавад, ки онро ба тарзи панҷара мебофанд. Андозаи бурё маъмулан 1м ба 1,5 м, баъзан андаке калон ё хурдтар аз ин мешавад.
10 ГАҲВОРАСОЗӢ Як навъи ҳунаре, ки аз чуби бед, чормағз, зардолу ва тут гаҳвора месозанд. Одатан дарозии гаҳвора 1-1,5 м, бараш 35- 45 см ва баландиаш зиёда аз 50-60 см мешавад. Асоси гаҳвора аз (тир) даста ва тахтачуб иборат буда, поёнтари тахтачубро барои тубак (сиба) сўрох мекунанд. Даставу тахтачуб аз ду тараф бо чамбари нимдоира васл мешаванд. Барои муҳофизати сар ва пои кқдак ба дохили чамбар ба тарзи амудӣ чубакҳо мегузоранд. Даставу чамбарҳо ва касабаи гаҳвораро наққошиву кандакорӣ мекунанд.
11 ГИЛЕМБОФӢ Гилем, маъмулан, дар дукон ё дастгоҳҳои заминӣ бофта мешавад. Онро аз нахҳои пахтагин, пашмина ва баъзан абрешимӣ мебофанд. Ду навъи гилем: гилеми патдор ва бепат истеҳсол карда мешавад. Гилемро, асосан, ба фарши хона меандозанд ва ба девор меовезанд.
12 ГУЛБАНДӢ,

гулбаст, бандона

Санъати гулпартоӣ дар матои пахтагини суф ва карбос. Нахуст ба он ҷойҳое, ки гул партофта мешавад, қатраҳои ранги зард, сурх ё сабзро мечаконанд. Вақте ки ранг хушк шуд бо риштаи сафед нуқтаҳои рангшударо ба мисли ангушт сахт мебанданд. Баъд аз баста шудани нақши гулҳо матоъро дар деги рангдор меҷўшонанд. Тавассути санъати гулбандӣ нақшҳои гули гирд, коса, ситора, мохтоб, офтоб, чоркунҷа, баргак ва ғайра дар матоъ тасвир карда мешаванд.
13 ГУЛДУЗӢ Навъи санъати ороиши амалии халқии қадима буда, бо сўзан ва чангакҳои махсуси гулдузӣ дар руи матоъҳои гуногун бо ресмонҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ ва нахҳои зарину нуқрагӣ, инчунин бо сангҳои қиматбаҳо, шадаи майда, муҳраи реза, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо, марҷону марворидҳо дастӣ иҷро карда мешавад. Гулдузӣ, асосан, шуғли хонагӣ буда, барои ороиши сару либос, истикоматгоҳ, ҷиҳози хона, ашёи шахсӣ ва дигар васоили зиндагӣ истифода мешавад.
14 ГУРКАНӢ,

гурковӣ, қабрканӣ

Раванд ва усули кандани гур барои шахси фавтида. Дар байни тоҷикон, асосан, ду навъи гур маъмул буд: гури шомӣ (духонагӣ) ва гури чармагӣ (якхонагй). Дарозиии гури шомӣ 2 м ва бараш 1-1,5 м аст. Аз мобайни девори самти қиблаи айвон сурохии гирд ба андозае, ки ҷасад аз он озодона гузаронида шавад, канда сипас лаҳад – хонаи дарунро дуруст мекунанд.
15 ДАРАВШДУЗӢ, йирмадузӣ, юрмадузӣ Усули нақшдузӣ дар матоъ, ки бо даравш иҷро мешавад. Ба матоъи пахтагин нақши матлубро мекашанд ва матоъро ба чамбарак бо ресмон гирд ба гирдаш духта, маҳкам мекунанд. Сипас мисли дукони зардузӣ гузошта, ё ба мисли даф сари зону гузошта, бо даравш риштаҳои рангаро мутобиқи нақш аз ду тарафи матоъ гузаронида, гулдузӣ мекунанд.
16 ДЕВОРГАРӢ,

деворзанӣ

Деворзанӣ барои маҳкам кардани атрофи ҳавлӣ, боғу киштзор ва сохтани иморати истиқоматӣ ба кор меравад. Дар кори деворзанӣ 2-4 нафар иштирок мекунанд: устои деворгар, шахси лойбур ва инчунин як-ду нафар коргарони ёрирасон. Деворҳо навъҳои похсадевор, сангдевор, кулухдевор, хиштдевор, синҷдевор, шаҳдевор, муҳрадор ва ғ. мешаванд. Деворҳо вобаста ба муҳити табиӣ аз лой, санг, хишт ва чубу най сохта мешаванд.
17 ДУҒКАШӢ,

гуппизанӣ, маскакашӣ

Раванди ҷудо кардани равғани маска аз чурғот. Равғани маска дар байни мардуми тоҷик бо дастгоҳҳои гуппӣ (куппӣ) ва чархдегу чархчуб истеҳсол мешавад. Шакли гуппӣ ба охури дарозруя монанд буда, баландиаш 1-1,2 м ва кутраш 30-40 см аст. Барои ҳосил кардани равғани маска ҷурғотро ба гуппӣ рехта, гуппичубро ба он андохта зуд-зуд ба болову поён ҳаракат медиҳанд. Усули дигари дуғкашӣ дар натиҷаи чархзании чархчўб дар даруни чархдег қатраҳои равғани маска ҷудо шуд ба руи дуғоб мебарояд.
18 ДУКАРЕСӢ, УРЧУҚРЕСӢ Як навъи ресидани ришта аз пахта ва пашм тавассути асбоби чўбӣ ва ё филизӣ, ки дук ном дорад. Ду шакли дук маълум аст: дастӣ ва чархӣ. Дуки дастӣ навъҳои гуногун дорад: чавррезӣ, чилик, орчуқ, чалак ва ғайра. Ҷараёни дукаресиро интихоби пашм, абрешим ва ё пахта, шустан, хушк кардан ва нарм кардани он ташкил медихад. Пашм ва ё риштаро дар шакли калоба омода намуда, бо ангуштон нахи махин мебофанд ва тавассути дук онро ба чарха (гардиш) дароварда, ресмон (ришта) ҳосил мекунанд.
19 ДУРЕДГАРӢ, чубкорӣ, наққошӣ Соҳаи хунармандӣ, ки ҷузъҳои иморатсозӣ, афзорсозӣ ва сохтани чиҳози рўзғор (ҷевон, гаҳвора, созҳои мусиқӣ, сандуқ, ароба, зин, табақҳо, қошуқҳои чўбӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Маводи хоми наҷҷорӣ, асосан, чуб ва ашёи ҷузъӣ – ширеш, шилм, меху мехчубҳо мебошад. Афзори наҷҷорӣ дастранда, ҷафсранда, аспакранда, дарозранда, гулранда, новаранда, комаранда, арраҳои гуногуну исканаҳои ҳархела буда, сабти чунин навъи нақшҳо тавассути асбобҳои махсус-уштургардан, ғурсунба, қалами ростак, гунёи форсӣ, паргор ва ғайра сурат мегирифт.
20 ЗАРГАРӢ Як навъ ҳунари истеҳсоли маснуоти ороишӣ, ки тавассути он зару зевар, маснуоти оморишӣ, асбобу ашёи рўзғор, либосу аслиҳаи ҷангӣ ва амсоли инхо аз фулузот (тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва ғ.), сангҳои қиматбаҳову арзонбаҳо (алмос, лаъл, ёкут, фируза, зумуррад, лоҷвард, ҷазъ, булури кўҳӣ, чамаст, яшм, қаҳрабо, ақиқ ва ғ.), аз моддаҳои органикӣ (устухони фил, садаф, марворид, чуб) сохта мешавад.
21 ЗАРДУЗӢ Зардузӣ навъҳои гуногун дорад. Ду навъи он: заминдузӣ ва гулдузӣ маъмул аст. Дар заминдузӣ нақш тамоми сатҳи заминро фаро гирифта, дар он ҷои холӣ намемонад. Дар навъи гулдузӣ бошад, нақш танҳо дар рўи қолаб духта мешавад. Зардузон тарҳи наққошон ё худашон тайёркардаро аз коғаз бурида, рўи матоъ мечаспонанд ва аз рўи он сўзан мезананд. Баъд зарро рўи нусха монда, аз ду тараф бахия медузанд.
22 КАМЗУЛДУЗӢ Як навъ ҳунари қадимаи мардумии хоси занҳо мебошад. Камзулро аз матоҳои махмал, сатин, лас ва вилюр медузанд. Камзулҳо вобаста ба мавсим навъҳо доранд: камзули тирамохӣ, ки аз астару абра ва камзули тобистона – бе астар духта мешаванд. Тарзи духтани камзул ба куртаи занона монанд буда, пеши он кушод ва остинаш дароз аст. Камзули беостинро камзулча мегўянд. Камзули мисли ҷома пахтадорро гуппича меноманд.
23 КАНДАКОРӢ Усули коркарди ҳунарии чуб, санг, устухон, гач, гил ва ғ., ки бо роҳи кандану бурида гирифтан ҳосил мешавад. Кандакорӣ дар меъморӣ (ороиши биноҳо), истеҳсоли ашёву анҷоми рўзғор ва ғ. истифода мешавад. Дар кандакорӣ, асосан, чубро (арча, чанор, тут, чормағз) ба кор бурда, аз онҳо ашёҳои рўзғор (коса, табак, кавш ва ғ.), шоҳсутунҳову, раву болор, дару дарвозаҳои нақшин, панҷара ва амсоли ин месозанд. Ҳунари кандакорӣ дар ороиши чойхонаҳо, масчидҳо, хонаҳои истиқоматӣ истифода мешавад. Ҳамчунин дар солҳои охир шакли қолабии (рехтани гач) ин амал маъмул шудааст, ки барои ороиши биноҳо ва хонаҳои истикоматӣ истифода мебаранд.
24 КАРНАЙСОЗӢ Карнайсозӣ навъе аз ҳунари анъанавии мардуми тоҷик буд, ба касби мисгарӣ тааллуқ дорад. Карнай созӣ мусиқии нафасиест, ки асосан аз фулузи биринҷ ва баъзан аз мис сохта мешавад. Карнай аз қисмҳои зерин иборат аст: даҳана, торсак, нил, миёнаҷо, каба, кубба ва чияки ороишӣ. Дарозии карнай 190-210 см, кутри лулаи он 3,3 см ва вазнаш тақрибан 1 кг мебошад. Карнайро дар тую маъракаҳо, ҷашнҳои расмию анъанавӣ ва идҳо менавозанд.
25 КАФШДУЗӢ,

пойафзолдузӣ

Чарми ҳамворро устои кафшдӯз андоза карда, бо газан мебурад. Сипас онро дар об тар карда, тавассути анбур кашида, ба рўи қолаб мехчакорӣ мекунад. Дар натиҷа чарми дар қолаб буда, шакли пойафзоли нимтайёрро мегирад. Бо воситаи чуби найкашӣ ҷойи даркориро най кашида, бо даравшу ришта медузад. Ба он аз чўб пошна тарошида, дар рўи кунда монда мечаспонад. Дар рўи пошна муми сиёҳ мемоланд, то ки пошна ҷило пайдо кунад.
26 КОРДСОЗӢ

кордгарӣ

Раванди сохтани корд. Тахтапулодро дар оташи кура сурх карда, бо болға куфта, ба шакли теғ медароранд. Тавассути обутобдиҳӣ зичии пулод сахт мешавад. Теғи ҳосилшударо нахуст дар чархи сангаш дағал, сипас дар санги маҳинтар, баъдан дар санги резинӣ (чармӣ) ва намадӣ (муйина) дошта, тунуктару ҳамвор мекунанд. Дастаи кордро аз чўб, устухон ва ё шохи ҳайвонот бурида, дар чарх чойҳои дағали онро ҳамвор намуда, мобайнашро барои гузаронидани дастаи теға мувофиқ мегардонанд.
27 КОШИНПАЗӢ, кошингарӣ, кошинрезӣ Касби анъанавие, ки тавассути он аз гилмоя бо минералҳо, оксидҳо ва дигар пайвастагиҳои ғайриорганикии омехташуда кошин истеҳсол мешавад. Барои мустаҳкам шудани гилмоя ба он муй, намакхок ҳамроҳ мекарданд. Гилмояи тайёрро ба қолабҳо мерехтанд, сипас онро дар хумдонҳои яктарафа ё дутарафа гузошта, дар ҳарорати хеле баланд мепухтанд. Баъд ба рўи порчаҳои сафол сир медавониданд. Кошинҳои сирдорро 2-3 маротиба сир молида,  мепухтанд.
28 КУЛОЛӢ Соҳаи ҳунармандӣ, ки аз хоки махсус сохтани ашё, хусусан, зарфро дар бар мегирад. Барои инкишофи ин ҳунар, пеш аз ҳама, хоки мувофиқ лозим аст. Кулолон аз гил ашёи рўзғор: коса, табақ, кўза, хум, хурма ва ғ. истеҳсол мекунанд. Имрўз дар устохонаву корхонаҳо, фабрикаҳо ва комбинатҳои таълимии истеҳсолӣ маснуоти кулолӣ истеҳсол карда мешавад.
29 ЛЎХТАКСОЗӢ, зочасозӣ Лўхтаки оддитаринро аз ду чўбча сохта, ба он порчаҳои хурди матоъҳоро ҳамчун курта мепечонанд. Ба ҷойи калла ба он тугма ё танга мегузоранд ва аз болои он ба таври салиб ришта мепечонанд, ки дар натиҷа нақши ромбшакле дар рўйи лўхтак ба вуҷуд меояд. Ба ҷойи мўйи лўхтак чанд тор риштаи сиёҳ, ё аз пашми чорпоён мечаспонанд. Лўхтакҳои нисбатан мураккаби бозингарро аз чўб, ресмон, матоъ месохтанд, ки ду дасташ аз китф бо ресмон пайванд шуда буд. Ба лўхтакҳо куртаву пойҷома, рўймол пўшонида, ба гарданаш ҳамели мўҳра меовехтанд.
30 МАЙКАШӢ,

шаробкашӣ

Ҳунари аз ангур тайёр намудани май (мусаллас) аст. Ангурро аввал бо даст, баъд бо по мушт ва сум мезананд, то обаш ҷудо шавад. Оби ҷудошударо полида, ба зарфи шишагӣ мегиранд, ба он се дона қанди сафед партофта, даҳонашро бо сарпуши миёнаш найчадор маҳкам карда, нўги найчаро ба шишаи обдор мемонанд. Ҳарду зарфро то тамоман ҷўшидани шарбат дар ҷойи ҳарораташ муътадил мегузоранд. Ҳамин ки шарбат аз ҷўшиш монд, онро полуда, ба шишаҳо гирифта, даҳонашро маҳкам карда, дар ҷои салкин мегузоранд ва истеъмол мекунанд.
31 МАШШОТАГӢ, муйбофӣ, сарбофӣ Пешаи суннатии занона, ки ба ороиши мўй, абрў ва чеҳраи бонувон вобаста аст. Дар гузашта дар ҳар як гузару деҳа занҳои машшота ё сарбоф зиндагӣ ва фаъолият мекарданд. Онҳо мувофиқи даъват ва дархост арўсонро пеш аз тўй, дигар бонувонро пеш аз рафтан ба ид, меҳмонӣ ва тўю хурсандиҳо ороиш медоданд. Ҳоло ин корро дар ороишхонаҳои касбӣ анҷом медиҳанд.
32 МИНЁТУР-НИГОРӢ,

миниатюра- нигорӣ

Миниатюранигорӣ санъати махсуси тасвирие мебошад, ки барои дастхатҳо, лавҳаҳои тасвири табиат, нигоришҳои графикӣ, портрет истифода карда мешавад. Бо усули миниатюра манзараҳои табиат, набарду муҳориба, лаҳзаҳои шикор, мулоқоти ошиқон, маросимҳо, базм ва ғ. тасвир мешаванд. Аввал дар рўи коғаз тарҳи миниатюраро бо об мекашанд, баъди хушкидани об изи онро бо хати сурх ё сиёҳ аёнтар мекунанд. Сипас ба варақ омехтаи оҳар ва сафедии тухм молида, баъди хушкидан онро бо булур ё ақиқи сўхта сайқал медиҳанд.
33 МИСГАРӢ Ҳунари аз мис сохтани асбоби рўзғор, аслиҳа ва ашёи гуногун. Афзори мисгар, асосан, паргор, пулодқалам, қайроқ ва болға мебошад. Мистарон чойҷўш, офтоба, табақ, лаълӣ, дастшуй, кўза, қандоб, яхмос, чилим, шамъдон ва дигар ашёи мисӣ месозанд. Ҳоло дар корхонаҳо ва иттиҳодияҳои ҳунармандӣ ин ҳунар дар ривоҷ буда, мисгарон дар амали худ услубҳои анъанавӣ ва муосирро омезиш медиҳанд.
34 МЎЗАДУЗӢ, кўҳнадузй Раванди духтани мўзаҳои гуногун ва маҳсӣ. Устоҳои мўзадўз чармҳои табииро аз чармагарон қабул карда, дар он нақшҳои лозимиро мекашанд. Сипас бо газан – микрози махсус чармро бурида, дар қолибҳо устувор карда, бо даравшу ресмон медўзанд. Бо номи мўзадузӣ кўҳнадўзонро низ ном мебаранд, ки мўзаву пойафзолҳои фарсудаи мардумро медўзанд, ё  ширешу дарбеҳ мекунанд.
35 НАДДОФӢ,

савачўбзанӣ, шада

Ҳунари пахтаро бо чубҳои махсус ғоз-ғоз кардан. Мардум бо савачўбҳо пахтаи курпа, курпача болин, либос ва ғ.-ро сава мекунанд. Саваро аз навдаи душохаи дарахти сахту каиш (тут, сада, бихӣ, илғай ва ғ.) месозанд. Дар баъзе маҳалҳо 68 дона навдаро гирифта, ба андозаи 120-140 см ғафсиаш 1,5 см) мебуранд ва онҳоро пўст канда, хушк мекунанд.
36 НАҚҚОШӢ, нақшкашӣ Ҳунари офаридани нақш, махсули эҷоди ҳунармандони халқӣ ва касбӣ, яке аз навъҳои қадимаи санъати ороишӣ амалӣ. Наққошӣ таърихи қадима дошта, инкишофи ҳунарҳои меъморӣ, кулолӣ, мисгарӣ, заргарӣ, колинбофӣ, гулдузӣ ба тараққиёти он мусоидат намудааст. Дар наққошии нусхаҳои гиреҳ (гиреҳи паргор, мадохил, чавак, секунҷа, мураббаъ, ситораҳо, чоркалид, чоркарта, доира, морпеч, мавҷ, кункура…), ислимӣ (куштаноб, марғула, бодом, анор, гули хайрӣ, садбарг, лола, тоҷи хурус, нилуфар, ангур, анҷир.), катиба, акси ҷонварон (булбул, тутӣ, паланг, кабк…) маъмуланд.
37 НАМАДРЕЗӢ Яке аз ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, ки истеҳсоли он аз пашми гўсфанд ва баъзан аз пашми буз сурат мегирад. Пеш аз рехтани намад, пашмро интихоб намуда, онро мешўянд, хушк мекунанд ва бо савачуб мезананд. Намадрезон пашмро ба андозаи лозима паҳн карда, ба болояш оби ҷўш пошида, мемоланд. Баъд лўлаи мазкурро ресмонпеч карда, ду кас аз ду тараф истода, ресмонро ба навбат тарафи худ мекашанд. Чун пашм андаке сахт шуд, онро 6-8 нафар бо панҷаву оринҷ мемоланд.
38 НАЪЛГАРӢ, наълкўбӣ Наългарӣ ҳунарест, ки усто тавассути оҳанҳои махсус ба пойҳои асп ва баъзан ҳар наъл мечаспонад. Наъл низ аслан аз ҷониби устои оҳангар дар қолаби махсус сохта мешавад. Он шакли нимдавраро дошта аз ду тараф дорои сетогӣ сурохӣ мебошад. Мехҳои наъл ҳам аз ҷониби устоҳои наълсоз сохта мешавад. Дарозии мехҳои наъл 4-6 см мешавад. Зеро аспҳо вобаста ба ҷусса метавонанд суми калон ё майдатар дошта бошанд. Наъл барои мустаҳкам нигоҳ доштани суми асп насб карда мешавад.
39 НОНПАРСОЗӢ, мухпарсозӣ Нонпар, нонпарак, мухпар асбоби маъмулест, ки бо он нонро пар мезананд. Нонпарро аз чўбу сим ва одияшро бо як даста пар (пари кабк, мурғ, мурғобӣ ва ғ.) месозанд. Дандонаҳои нонпар ба тарзи нақшҳои ислимӣ ва хандасӣ насб шудаанд. Аз зуволаи хамир нон рост карда, ба рўи он нонпар мезананд, то ки нон ҳангоми пухтан надамад ва рўяш зебо бошад.
40 ОСИЁББОНӢ Осиёббонӣ касби анъанавию меросӣ буда, осиёббон шахси натанҳо нигаҳбони осиёб, инчунин корманди дастгоҳи ордкунӣ мебошад. Мардум вобаста ба талаботи зиндагӣ ва дорои ғаллаҳои худро аз қабили гандум, ҷуворӣ, ҷав, ва ғайра бурда, дар осиёб орд мекунанд. Осиёб ва осиёббон солҳои пеш қариб дар ҳамаи деҳаҳои кўҳистон вуҷуд дошт. Дар замони муосир бо сабаби ордҳои воридотӣ талабот ба орди осиёб кам шудааст.
41 ОҲАНГАРӢ Оҳангарӣ яке аз ҳунарҳои анъанавӣ буда, шахси бо он машғул бударо оҳангар мегуянд. Дар ҳар устохона ҳадди ақал як усто ва 2-3 нафар шогирдон кор мекунанд. Устои калон бо анбур оҳанро дар оташ сурх мекунад ва ҳамроҳи яке аз ҳамкорон ё шогирдон онро дар болои сандон бо путку хоиск зада, ба шакли дилхоҳ медароранд. Шогирди дигар банди саночи дамро мунтазам болову поён кашида, ба шўълаи ангишт бод медиҳад, то ки оташ беист забона занад. Оҳангар аз оҳан ашёи барои зиндагӣ лозимӣ: бел, каланд, табар, дос, болға, корд, гулмех, мех ва ғайраро месозад.
42 ПУСТИНДЎЗӢ Духтани як навъ либоси зимистона, ки аз пўсти барра, гўсфанд, рўбоҳ, хирс, гург, шағол, санҷоб ва дигар ҳайвонҳои ваҳшӣ дўхта мешавад. Ду навъи пустин маъмул аст: абрадор ва беабра. Пўсти барраро барои остин, тахтапушт, тириз порча-порча бурида, аз беқасаб ва ё дигар матои зебо фаровез мекунанд. Пустини беабра аз порчаҳои калон-калон буридашудаи пўсти серпашми гўсфанд тайёр карда мешавад.
43 РАҒЗАБОФӢ Ҳунари аз пашми гўсфанд бофтани матои дурушти рағза. Рағзабофӣ дар байни тоҷикони кўҳистон ва қисман водиҳо, ки ба парвариши гўсфандон шуғл доштанд, маъмул буд. Он асосан, кори занҳо буда, бештар онҳо дар фасли зимистон ришта ресида, аз он дар дукон матои рағза мебофтанд. Аз матои рағза одатан чакман, шалворҳои ғафси пашмин, пайтоба, линга, чорукбанд ва арғамчин тайёр мекарданд.
44 РЎЙМОЛДУЗӢ Ҳунари гулдузӣ кардани рўймол, ки асосан барои мардон ва бачаҳо тайёр карда мешавад. Матои руймолро чеварҳо аз газворҳои гуногун интихоб карда, ба шакли квадрат мебуранд. Сипас марзҳои онро таҳ карда, бо даст ё мошина медўзанд. Дар чор гушаи рўймол нақш кашида, бо риштаҳои ранга гулдўзӣ мекунанд. Рўймолро мардон аз болои ҷома, пираҳан ва гирди токӣ мебанданд. Инчунин рўймоли мардона ҳамчун тўҳфа дар чашни арўсию хатнасур тақдим карда мешавад.
45 САБАДБОФӢ Навъи ҳунари мардумии аз химча ва ё навдаҳои дарахт бофтани асбоби рўзғор, зарфи гуногуншакл, ки барои гирифтани мева, сабзавот, нон ва ғайра истифода мебаранд. Сабадро аз навдаи бед, тут, биҳӣ, анор, ирғай ва ғ. мебофанд. Инчунин аз сим низ мебофанд. Сабад хелҳои гуногун дорад: сабади гирда, сабади дарозрўя, харсабад, сабади нон, сабади дастадор, охурсабад, симсабад ва ғайра.Ҳоло сабадҳоро дар корхонаи махсус ва бо масолеҳи гуногун (хас, навда, сим, плостик, резин ва ғ.) тайёр мекунанд.
46 САНГИ ОСИЁ- ТАРОШӢ Сангиосиётарошӣ ҳунари қадимаи мардуми тоҷик мебошад. Барои интихоби санги осиёб устоҳо аз сангоб сангҳои кабуди донадор ё аз кўҳҳо сангҳои махсусро ёфта оварда, ба шакли давраи диаметрашон 1,5-2 метр метарошанд. Баъдан миёнаи онҳоро сурох карда, болояшонро тарошида ҳамвор менамоянд. Сангҳоро дар осиёб насб карда, ҳар моҳ ё моҳе ду маротиба боз дандонаҳои соидашудаи сангҳоро тарошида, барҷаста мекунанд.
47 САНГКОРӢ (сангнигорӣ, сангчинӣ) Навъи ҳунарест, ки дар соҳаи бинокорӣ истифода мешавад. Сангкорӣ аз чидани хишт ё санг, соручрезӣ ва ғ., инчунин аз сохтани чубдасту ҳавозаҳои бинокорӣ, ба ҷои кор кашонда тайёр кардани масолеҳ ва ғ. иборат аст.
48 САНДУҚСОЗӢ Як навъ ҳунари қадимаи мардумист, ки аз чўб сохтани асбоби рўзғор, қуттии калоне, ки дар он анҷоми рўзғор, асбоби зиннат ва дигар чизҳои нодирро нигоҳ медоранд, дар бар мегирад. Тахтаҳои пеш, қафо ва зери сандуқро ба ҳам васл намуда, мехкўб мекунанд. Қисми пеши сандуқро тунука кашида, онро ба таври дилхоҳ оро медиҳанд. Тунукаро бо мех зарб зада дар рўи он нақши гул ё ягон нақши дигарро мепартоянд, сипас ба рўяш ранг мемоланд. Барои бардоштани сандуқ ба ду паҳлўи он халқа мешинонанд.
49 САРТАРОШӢ Як навъ касби анъанавӣ, ки дар гузашта машғулияти мардона буд. Имрўз занҳо низ ба ин ҳунар майл доранд. Сартарош баробари тарошидани мўйсар, риш ва ба тартиб даровардани мўйлаб, инчунин хатна, хунгирӣ, табобати баъзе касалиҳои асабро низ ба ўҳда дошт. Аксари сартарошҳо шогирд доштанд. Баъди омўхтани касб шогирд маросими розигии устодро мегузаронд ва пас аз он устои мустақил мешуд.
50 САФОЛРЕЗӢ  Ҳунари аз омехтаи гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва ғ. тайёр кардани зарфҳо, сохтмон (хишт, сафоли бомпўш, нова, сафолтахта, кошӣ, ҷузъҳои муҷассамаҳо), техника, нақлиёти обию ҳавоӣ ва роҳи оҳан, санъати ороишию амалӣ ва ҳайкалтарошӣ бисёр истифода мешавад. Сафол навои гуногун дорад, ки гили сухта, маснуоти кулолӣ, мино, чинии хом, чинӣ, хоксанг аз қабили онҳост.
51 СОЗТАРОШӢ Созтарошӣ ҳунари суннатии мардумӣ буда, дар саросари кишвар маъмул мебошад. Устоҳои созтарош одатан созҳоро аз чўбҳои чормағз, зардолу, чинор, муруд, тут ва ғайра тарошида, зехи онро аз рўдаи буз ё гўсфанд тайёр мекунанд. Созҳои маъруфи точикӣ: тор, танбўр, дутор, рубоб, думбра, гижжак, даф, таблак, най ва ғайра бо усули дастӣ сохта мешаванд.
52 СЎЗАНИДУЗӢ, чодардўзӣ, кашидадўзй Сўзанӣ матоест, ки рўяш бо ресмонҳои рангоранг бо усули кашидадўзӣ гулдўзӣ шудааст. Одатан барои зинати девор ва тахти курпа истифода мешавад. Матои сузанӣ маъмулан сатин, шохӣ ва махмал мешавад. Сузанӣ асосан аз нақшҳои наботӣ, ислимӣ ва паргорӣ иборат буда, аксаран дар байн гули доирамонанд ва дар атрофаш ҳошия дўхта мешавад. Ҳар як шаҳру маҳал услуби хоси сўзанидўзӣ дорад. Баъди солҳои 40-уми асри ХХ сўзаниҳои бо усули попурӣ маъмул гаштанд.
53 СУРНАЙСОЗӢ Сурнайро аз чўбҳои дарахтони чинор, зардолуи талхак ва ширинак, тут ва муруд низ месозанд. Аввал чўбро тарошида, монанди дастаи бел мекунанд, сипас дарунашро сурох карда бо регкоғаз ҳамвор намуда, аз болояш монанди нуқта якчанд сўрох мекунанд. Чун шакли сурнайро гирифт, онро дар муддати 1 моҳ хушк мекунанд. Ҳамроҳи сурнай боз якчанд ҷузъиёти он аз қабили зерлаб, найбар,қолиб, мил сохта мешавад.
54 ТАБАҚТАРОШӢ Яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон, ки ба сохтани табак, кафлезу қошуқ ва дигар зарфҳои чўбӣ марбут аст. Усто табақи тайёршударо дар дастгоҳи чархзананда тарошида, бо сухон соида, ҳамвор мекунад ва ба он равғани зағир мемолад. Барои табақтарошӣ бештар чўбҳои чормағз, зардолу, чинор, зарбед истифода мешаванд.
55 ТАНУРСОЗӢ Танурро аз хокҳои махсус месозанд. Ҳангоми лой шуридан барои мустаҳкам шудан ва накафидани девораи танур ба он каме пашми чорпо илова менамоянд. Яке аз амалҳои муҳими танурсозӣ зери по сум задани лой мебошад. Танур аз се қисм иборат аст: тахтаи аввал, тахтаи дуюм ва даҳана. Танурро барои хушк намудан дар ҷойи офтобӣ  гузошта, андаруни он дар замин каме ангиштро оташ медиҳанд, он бо алангаи паст ангишт ду шабонарўз сўхта, танурро аз дарун хушк менамояд.
56 ТОҚИДУЗЙ,

туппидузӣ

Каллапуши миллии тоҷикон. Навъҳои гуногуни токӣ: чустӣ, чакан, чоргули ироқӣ, такдузӣ ё чамангул, зардузӣ, юрма, пупакдор, туртуппӣ, духоб, кабуд ва ғ. маъмул мебошанд. Дар ҷануби Тоҷикистон тоқии мудаввар ва гумбазшакл ва дар шимоли киш-вар тоқии чоркунҷа маъмул аст. Матоъи тоқиҳои ноҳияҳои ҷануб аз карбос, алоча, чити ранга, шохӣ, махмал, парча дўхта мешаванд. Тоқиҳо шакли мардона, занона ва бачагонаро доранд.
57 ТУНУКАСОЗӢ тунукабурӣ Яке аз бахшҳои пешаи оҳангарӣ, ки бо коркард ва истеҳсоли маснуот аз варақаи тунуки оҳан ва дигар фулузот сарукор дорад. Навъҳои маҳсулоти тунукасозон рангоранг мебошад. Аз ҷумла, гирболу парвезан (элак), белча, ширполо, обрез, киф, хокистаргирак, оташгирак, бухорӣ, тута ё лулаҳои бухорӣ, дудмурӣ, новдон ва ғайра. Инчунин дар ороиши деворҳо, бомпўш, нигасаи хона ва дигар қисмҳои бино аз ин ҳунар ба кор бурда мешавад.
58 ХИШТРЕЗЙ Хиштҳои гилӣ ду хел мешаванд: хишти пухта ва хишти хом. Аз хоки сафед ё хокҳои дигар гирифта, лой мешуранд. Гили омодашударо ба қолиб андохта, ба шакли хишт рехта, дар ҷойи ҳамвору офтобрас хушк мекунанд. Баъди хушк шудан хиштҳоро дар танури махсус соатҳои дароз мепазанд. Ҳоло аз семент низ хишт мерезанд.
59 ЧАКАНДУЗӢ Санъати чакандўзӣ навъе аз тарзҳои духтани гулҳо, нақшу нигор ва тасвирҳои рамзнок бо риштаҳои ранга дар матои пахтагин мебошад. Одатан, гулдўзии чакан дар курта, сўзанӣ, болишт, чойпўш, бардеворӣ, токӣ, гаҳворапўш, камарбанд, рўймол ва ғайра истифода мешавад. Ҳар нақши дар болои матоъ дўхташуда ном дорад, чунончи: косагул, гули анор, барги бед, моҳу ситора, офтоб, абр ва монанди инҳо. Куртаи чакан махсус барои занҳову духтарон дўхта мешавад. Дар ҷашнҳои расмӣ ва идҳои халқӣ духтарон ҳатман куртаи чакан ба бар мекунанд.
60 ЧАРМГАРӢ, пустгарӣ, даббогӣ, кемухтгарӣ Як навъ ҳунари тайёр кардани пўст барои духтани афзор. Пўстгарӣ, аввалҳо дар байни бодиянишинҳо, дертар аҳолии муқими Осиёи Миёна маъмул шуд. Аввал пўстро дар оби ширгарм тар намуда, ба он намак ва хамиртурш меомезанд ва муддате то ош хўрдан нигоҳ медоранд. Баъд онро бо корд ва ё  лос тоза мекунанд.
61 ЧИТГАРӢ Санъати нақшгузории матоъи суф тавассути қолибҳо. Матоъро пас ҷушонидан ва оҳар додан ба болои намади харак паҳн карда, аввал нақшҳои сиёҳи онро бо қолибҳо мекўбанд. Пас аз нақши сиёҳ гузоштан, читро меовезанд, то ки ранги он хушк шавад. Коргари дигар бо ранги сурх нақши гулҳоро насб кунад. Матои орододашударо дар оби тоза обгардон намуда мехушконанд. Сипас чити нақшдорро ранги сурх пошида, ба деги рангобаш ҷўшида истода меандозанд ва чанд соат меҷўшонанд. Вақте ки матоъ ранги сурхи мунаққашро мегирад, онро аз дег берун оварда мехушкониданд.
62 ЧОРУҚДУЗӢ Чоруқ як навъ пойафзоли анъанавии мардуми кўҳсор буда, онро аз пўсти хоми буз ё гов тайёр мекунанд. Як қисми муайяни пўстро бурида, ба се қисм ҷудо мекунанд. Ду қисми он барои соқу рўйи пой ва қисми сеюм барои тагаш ба як шакли муайян бурида мешавад. Онро ба воситаи дарафш медўзанд.
63 ШЕРОЗБОФӢ, ҷиякбофӣ Шерозбофӣ як навъи ҳунар, ки марбут ба бофандагӣ мебошад. Ба он одатан занҳо машғул мешаванд. Шерозро дар дастгоҳҳои оддии чўбӣ аз риштаҳои сиёҳ, сурх, сабз, зард ва кабуд мебофанд. Шерозро барои ороиши гирди тоқӣ, пойҷома, пеши ҷомаву ҷелак ва камзул истифода мебаранд. Шерозҳо тангбар ва паҳнбар мешаванд.
64 ШИКАСТА-БАНДӢ Шикастабандӣ, як навъ усули табобати халқии устухони шикаста ё аз ҷояш беҷо шудаи одамон мебошад. Табибон бо ин усул устухонҳои дасту по, оринҷ, қабурға ва ангуштонро бо роҳи молиш додан ҷо ба ҷо карда, мебанданд. Барои шикастабандӣ гаҷ, зардии тухм, қивоми зирк ва дигар давоҳоро истифода мешаванд. Хурдани мумиёро ҳангоми хоб ё субҳ бо дили бенаҳор 20 рўз тавсия медиҳанд, зеро мумиёро мардумон чун пайвандгару ҷушонандаи устухон медонанд.
65 ШОНАСОЗӢ, шонатарошӣ, шонагарӣ Навъе аз касби анъанавии мардуми тоҷик. Чўби чормағзро бурида, тахтача месозанд ва онҳоро дар офтоб мехушконанд. Тахтачаи хушкидаро бо тешаи калон хомтарош карда, сипас бо тешаи хурд пухтатарош менамоянд. Бо арраи махсус – сарбур ду тарафи тахтачаро баробар бурида, бо сухон теғаҳои ҷойи дандонаҳоро соида ҳамвор месозанд. Баъд аз ин амали дандонбарории маҳин ва амалҳои ороишӣ сурат мегиранд.
66 ҚАНДАЛОТ- ПАЗӢ Яке аз ҳунарҳои қадимаи мардумӣ, ки истеҳсоли шириниҳои гуногун, аз қабили парварда, қандолот ва ҳалворо дар бар мегирад. Дар рехтани қандалот аввал мағзро (зардолу, чормағз) дар оташ таф медиҳанд. Баъд ба миқдори муайян мағзро дар тағораи дудаста рехта, дар гармии оташ бод медиҳанд. Дар ин раванд нафаре қиёмро оҳиста-оҳиста ба рўи мағзҳо мерезад. Ҳамин тавр, дар тули 25-30 дақиқа қандалот тайёр мешавад.
67 ҚАФАССОЗӢ Қафас хоначаест, ки аз чўб, химча, сим ва ресмон сохта шуда, барои нигоҳ доштани паррандагони хушхон: тўтӣ, кабк, бедона, саъва ва ғайра истифода мешавад. Барои қисмати аввал навдаҳоро ба як андозаи муайян бурида, ба шакли нимдоира қад карда, бо банд мебанданд. Қисмати поёнии онро бошад, аз фанери тунукқабат омода карда, бо ҳамдигар пайваст мекунанд. Ва дар бари он ду зарфи хурдакаке барои обу дон овезон мекунанд.
68 ҚОЛАБСОЗӢ

қолибрезӣ

Андоза ва ё нақши барҷастае, ки ҳунармандони халкӣ ба воситаи он нақш ва тасвирҳо тайёр мекунанд. Сохтани қолаб низ ҳунар аст, ки дар гузашта аз гил, санг ва филиз сурат мегирифтааст. Имрўз дар қолабсозӣ гаҷ, чўб ва пластик маъмултар шудааст. Қолабро ҳам барои сохтани ашёҳои гуногун ва ҳам барои тасвир ва гулпартоӣ истифода мебаранд. Колаб ҳамчун навъи ҳунар дар байни кулолгарон, заргарон, меъморон маъмул мебошад.
69 ҚОЛИНБОФӢ Қолинҳо вобаста аз тарзи истеҳсол бофташуда, духташуда ва гулдор мешаванд. Барои бофтани қолинҳо аз ресмонҳои пашмӣ, пахтагин, пахтадор ва нахи сунъӣ истифода мебаранд. Бофтаи қолин аз якчанд қисм иборат аст: тор, пуд, печаки паҳлуӣ, тур, пупак ва тугун ё гиреҳ. Пуд аз байни тор, аз қисми дарунӣ ва берунии он гузашта, бари қолинро ба ҳам пайваста, гиреҳҳои аз пашм бофтаро нигоҳ медорад. Чор навъи гиреҳ маъмул аст: гиреҳи форсӣ, гиреҳи туркӣ, гиреҳи форсии ҷуфтӣ ва гиреҳи туркии ҷуфтӣ.
                                                                                 70 ҚУРОҚДУЗӢ,

порадузӣ, қурамадузӣ, таркдузӣ, гулбурӣ

Навъе аз усули гулдузии матоъ. Чеваро пораҳои хурди газворро қат карда, паҳлўи ҳам мегузоранд, сипас аз болояш пораи дарозтарро ниҳода, бо мошина ё дастӣ медузанд. Ҳар як нақши қуроқ маънию рамзи махсус дорад. Гулдузии қуроқ барои ороиши курпа, курпача, болишт, дастурхон, ҷойнамоз, гаҳворапўш, борҷогаҳ ва ғ. истифода мешавад. Ду намуди дўхти қуроқ маълум аст: сехишта (турна) ва чорхишта.
71 ҲАЛВОГАРӢ Як навъ ҳунари халкӣ буда, аз шакар, орд, авхари лимў ва равған тайёр кардани ҳалво аст. Ба дег шакар ва об андохта, меҷўшонанд. Баъд ба қиёми тайёршуда ҷавҳари лимў илова карда, меҷўшонанд. Ба қиёми ҷавҳардор орди бирёнро кам-кам рехта, бо белчаи чубӣ то хамир шудани он лат медиҳанд. Ба рўи тахта, сурфа ва ё тағора орд пошида, бар он хамираи ҳалворо мерезанд ва то тор-тор шуданаш гоҳ-гоҳ орд пошида якчанд маротиба ба ду тараф мекашанд. Ҳалво навъҳои гуногун дорад: лавз, сафедак, ҳалвои тар, мағзӣ, пашмак, собунак ва ғайра.
72 ҲАТТОТӢ,

хушнависӣ

Санъати хушнависӣ, ки дар китобати китобҳо бо хатти арабию форсӣ ба кор меравад. Хатотиро бештар дар китобҳо, рўи муқоваҳо, мусаввараҳо, овезаҳо истифода мебаранд. Дар санъати хаттотӣ навъҳои гуногуни хат, ба монанди насҳ, настаълик, райхонӣ, сулс ва ғ. ба кор бурда мешаванд.
73 ҲОТАМКОРӢ,

хотамбандй

Ҳунари аз дандони фил, устухони уштур ва ё чўб кандакорӣ ва нақшу нигор кардан; ороиши маснуоти гуногун ва девори иморатҳо бо тасвирот ва нақшу нигоре, ки аз порчаҳои мармар, хиштчаҳои сирдор, шиша, салаф, устухон, филиз, чўб ва ғ. сохта шудааст. Амали хотамкорӣ аз кандани замина ба андозаю  шакли хотам ва ба кома (ҷўяк)-и ҳосилшуда насб кардани хотам бо ширеш, сирешим ва ғ. иборат аст. Дар хотамкорӣ, асосан, филизкубӣ (филиз бо филиз), интарсия (чўб бо чўб) ва санг бо дигар санг маъмул аст.
74 ҶОМАДУЗӢ,

чапондузӣ

Духтани як навъ либоси болопўш, ки аз матоъ ва пахта таҳия мешавад. Се навъи ҷома маъмул аст: мардона, занона ва бачагона. Матои абраю астарро баробар чен карда, дар як қолаби муайян мебуранд ва дар байнаш пахта монда медўзанд ва баъди дўхтан кук мезананд, то ки пахта мустаҳкам истад.
75 ҶУВОЗКАШӢ, равғанкашӣ Раванди аз зағир, пунбадона, кунҷид, чормағз, офтобпараст ва дигар донагиҳо бо роҳи фишор додан,  кашида гирифтани равған. Дар байни тоҷикон дастгоҳи ҷувозро тавассути асп, баъзан хар ё барзагов ба кор медароранд. Дар баъзе ҷойҳо ҷувозҳои обӣ низ буданд ва ҳоло ҷувозҳои барқӣ истифода мешаванд. Ҷувози анъанавӣ аз қисмҳои зерин иборат мебошад: кунда, тир, борбардор, чамбарак, гарданӣ, оҳур ва ғ. кунҷора ё боз мондаи зағиру пунбадона, ки равғанаш гирифта шудааст, барои моли чорпо ғизои хуб мебошад.
76 ҶУРОББОФӢ Ҳунари қадимаи мардуми кўҳистон буда, тайёр кардани як навъ пойпўши маъмулан пашмин мебошад. Ҷуробро аз қадимулайём тоҷикони кўҳистон, аз ҷумла Помир, дар рўзҳои тўй, ид, ба меҳмонон тўҳфа мекарданд, ки ин анъана то имрўз давом дорад. Ҷуроб аз қисми соқ, пошна ва пошнача иборат аст. Онро ҳар бофанда мувофиқи завқу маҳораташ гулпартоӣ мекунад. Ду навъи ҷуроб: музаҷуроб (дароз) ва ҷуробак (кўтоҳ) маъмул аст. Ҳамчунин ду тарзи бофтани ҷуроб вуҷуд дорад: яксиха ва панҷсиха.