Имрӯз, дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии пойтахт иди Меҳргон бо шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.
Дар баробари дигар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ гӯшаи сайёҳии мамлакат ташкил гардида, ин ҷашни қадимаи миллӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ гардид.
Тибқи ҳадафҳои стратегӣ дар ибтидо бренди сайёҳии кишвар тавассути амалигардонии чорабиниҳо муайян шуда, бо мурури ворид шудани маълумоти нави иловагӣ аз сайёҳони воқеӣ ва эҳтимолӣ тағйирот дохил карда шуда, ба муаррифӣ намудани мамлакат мусоидат менамояд.
Меҳргон – ҷашни ом, мисли идҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон ва ғайраҳо аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод аст. Ҷашни Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ, оғози фасли зимистон, ҷашни ҷамъоварии ҳосил, муайян намудани маҳсули яксолаи заҳмати мардум, натиҷаи даврони хушкию офтобӣ ва ҳосилзамкунию ҳосилғундорӣ мебошад.
Таҷлили идҳои хос ба кишоварзӣ, аз ҷумла намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҷашнҳои “Сада”, “Меҳргон”, идҳои “Харбуза ва асал”, эълон намудани Иди ангур ва Иди себ диққати сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба кишвари офтобрӯяи мо бештар ҷалб намуда, лаззати меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ҳамеша дар хотироти онҳо боқӣ мемонад ва ан ҳолат ба рушди сайёҳии кишоварзӣ (агротуризм) мусоидат менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки агротуризм дар Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, ҳанўз шакли нав ва муосири сайёҳӣ арзёбӣ мегардад. Дар баробари ин, имрўз дар ҷумҳурии мо низ таваҷҷуҳ ба ин навъи сайёҳӣ афзудааст. Зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё худ агротуризм ба шумор мераванд.
Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ таблиғу ташвиқи мавзеъҳои сайёҳии деҳот ва ташкили хатсайрҳо дар арафаи идҳои миллии мардумӣ ба роҳ монда шудаас