Муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ»

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи  давлатии Боғи Ирам дар ҳошияи Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ» Намоишгоҳ баргузор гардид.

Дар Фестивал намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарияти вазорату идораҳо, котиботи давлатҳои аъзои СҲИ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, сайёҳону сокинони пойтахт иштирок доштанд.

Мақсад аз баргузории Фестивал густариши фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ, муаррифии анъана ва урфу одатҳои давлатҳои аъзои СҲИ ва ба ин васила ба ҷаҳониён пешниҳоди имконияти сайёҳии Тоҷикистон мебошад.

Меҳмонону иштирокчиён намоиши зарфияти сайёҳӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, меваҳои тару тоза, тарзи пешниҳоди хизматрасонӣ дар ошхонаву тарабхонаҳоро тамошо намуданд.

Дар маросими кушодавии намоиши мазкур Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва муовини Котиби генералии СҲИ Ҷандос Асанов сухан намуданд.

Зикр гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии шоистаи таъриху тамаддун ва анъанаҳои миллӣ, имконияти сайёҳии Ватанамон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ, соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар идомаи ин ташаббус солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд.

Зери сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи ин солҳо чорабиниҳои зиёди сатҳи милливу байналмилалӣ дар самти сайёҳӣ, аз ҷумла Фестивали ҷумҳуриявии сайёҳӣ таҳти унвони «Марҳабо ба Душанбе — шаҳри орзуҳо», Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ», «Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию сайёҳӣ», форумҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ озмунҳо, намоишгоҳҳо, фестивалҳои маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва дигар чорабиниҳо баргузор гашта истодаанд, ки барои муаррифии Ватани азизамон ва пойтахти он нигаронда шудаанд. Ин буд, ки пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфта, ҳамчун симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

4 октябри соли 2019 дар ҷаласаи сеюми вазирони сайёҳии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO), ки дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 эълон гардид. Интихоб шудани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ натиҷаҳои сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба таври густурда ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, табдил додани пойтахти Тоҷикистон ба макони тамошобоби сайёҳӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.

Гузашта аз ин, тадбирҳои амалинамудаи Раиси муҳтарами пойтахти азизамон имкон доданд, ки шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ пазируфта шавад, ки барои баромадан ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ омили муҳим ба ҳисоб меравад.

Намоишгоҳи мазкур бори дигар имконияти хуби муаррифӣ ва баррасии захираҳои сайёҳии Тоҷикистонро ҳамчун ватани дорои пайроҳаҳои Шоҳроҳи бузурги Абрешим баҳогузорӣ намуда, ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ бахшида, дар хотираи меҳмонону сайёҳон аз кишвари мо таассуроти нек боқӣ хоҳад гузошт.