Муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Шабакаи давлатии телевизион ва радиои Ӯзбекистон

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи эҷодии Шабакаи давлатии телевизион ва радиои Ӯзбекистон  ҷиҳати таҳияи барномаҳои тарғибкунандаи дӯстӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омаданд.
Ҳайати эҷодӣ барномаи худро бо истифода аз наворҳои тоза аз ҳаёти муосири Тоҷикистон, анъанаҳои миллӣ, корхонаҳои муштарак, дастовардҳо дар соҳаи иқтисоду сайёҳӣ, лаҳзаҳои нодир аз шиносоӣ бо фарҳанги ғании тоҷикон ва табиати нотакрори он таҳия менамояд.
Сафари ҳайати эҷодӣ аз 17 май оғоз гардида, то 24 май идома меёбад. Зимни сафар рӯзноманигорон аз маконҳои фарҳангию сайёҳии минтақаҳои  Турсунзода, Ҳисор, Душанбе, Хатлон ва Суғд дидан менамоянд.
Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон сол то сол раванди устувор касб карда, нуфузи кишвар дар ин самт дар арзёбиҳои минтақавию байналмилалӣ зина ба зина боло меравад. Инъикос ва тарғиби дастовардҳои сайёҳӣ, маконҳои ҷолиби таърихию фарҳангӣ, манзараҳои зебову нотакрор ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон дар расонаҳои минтақавию байналмилалӣ далели рушд ва густариши соҳаи сайёҳӣ дар баробари дигар соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.