19 октябри соли 2021 дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилояти Суғд маросими кушодашавии Форуми “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо” баргузор гардид, ки дар он беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд. Давоми рӯз дар ҷаласаи панелӣ дар мавзӯи “Дурнамои рушди бахши сайёҳӣ” масъулину коршиносони соҳа масъалаҳои вазъи имрӯза ва дурнамои рушди соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ҷаласаи панелӣ муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло иштирок ва суханронӣ намуд. Ҳамзамон дар панели номбурда Чамшед Юсупов директори Ассотсиатсияи рушди туризми Зарафшон дар мавзуи «Холати воқеӣ, дурнамои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон ва Хайрулло Норматов аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзуи «Саёхат дар Шоҳроҳи Абрешим» рӯнамоҳоро пешкаши иштирокчиён намуданд.

Рӯзи 20 октябр меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар маросими ифтитоҳи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021” иштирок карданд.

Дар намоишгоҳ КВД “Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ”-и назди Кумита, ширкати сайёҳии «Артуч», Ассотсиатсияи тараққиёти сайёҳии Зарафшон, осоишгоҳҳои Баҳористон, Шифо ва дигар ширкатҳои сайёҳии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, имкониятҳои сайёҳиро муаррифӣ намуданд.

Иштирокдорони форум дар баробари намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзӣ аз имкониятҳои сайёҳии кишвар аз наздик шинос гардиданд.

Дар заминаи гуфтушунидҳои дуҷониба дар доираи форум ва намоишгоҳ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, КВД “Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ” ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои  Фарғона, Самарқанд ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон 10 ёддошти тафоҳум дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.