Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе- Инвест-2021» баргузор гардид.
Баргузории Форуми мазкур ба муносибати эълон гардидани шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2021 бахшида шуда, ҳадафи асосии он ҷалб намудани сармоягузорони дохиливу хориҷӣ барои рушди бахшҳои иқтисодии кишвар маҳсуб меёбад.
Дар форум аз ҷониби коршиносони соҳаи сайёҳӣ масъалаҳои марбут ба пайдо намудани имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, баргузории Форуми «Душанбе-Инвест-2021» қадами устувор баҳри рушди иқтисодиёти кишвар ва заминаи мусоид барои соҳибкорон баҳри пайдо намудани сармояи кофӣ номида шуд.
Таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангӣ, табиати нодири серобуранг ва мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистон заминаи устувори рушд барои соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, соҳаи мазкур ба сифати манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз, сайёҳӣ ҳамчун василаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ саҳми назаррас ихтисос намудааст.
Бо дарназардошти ин омилҳо ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии иқтисодии сокинони мамлакат бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуданд.
Созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва пешбинӣ намудани имтиёзҳоро барои пешрафти соҳа тадбирҳои саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Тибқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кӯлҳо, ҳайвоноту растаниҳои нодир, инчунин кӯҳҳои баланд, шарти муҳим барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва афзоиши ҳиссаи соҳаи мазкур дар ММД-и кишвар маҳсуб меёбад.
Дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат соҳаи сайёҳӣ пайваста рушд ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуд ва дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хосса гардид.
Узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, пазируфта шудани пойтахти ватанамон- шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ, эълон гардидани шаҳри Душанбе-пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021, ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил гардидани мавзеи таърихии “Саразм”, “Боғи миллӣ” ва мероси ғайримоддии фарҳангӣ “Чакан- санъати гулдӯзии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Иди Наврӯз”, “Оши палав” ва “Мусиқии Шашмақом” далели ин гуфтаҳо буда, симои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ ва машҳур гашт.
Бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нав намояндагони бахши сайёҳии мамлакат дар калонтарин намоишгоҳҳои сайёҳию тиҷоратӣ ва ҳунармандӣ, ки дар Германия, Британияи Кабир, Малайзия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Қатар, Юнон, Испания, Белгия, Туркия, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик баргузор мегарданд, ширкат варзида, захира ва имконияти сайёҳии мамлакатро ба дӯстдорони сайру саёҳати Тоҷикистон таблиғу ташвиқ менамоянд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳо инфрасохтори зарурии сайёҳӣ бунёд гардида истодааст, ки барои ҷалби бештари сайёҳон, баланд бардоштани сатҳи некуҳволии минтақаҳои деҳот ва пайдо гардидани ҷойҳои навӣ корӣ ва дар маҷмӯъ, рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.