Имрӯз миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи туризми дар ҷомеа асосёфтаи Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид.

Ёддошти мазкур бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилоти сайёҳӣ, мубодилаи иттилоот, омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи сайёҳӣ, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ оид ба муаррифии зарфияти сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар имзо шуд.

Ассотсиатсияи туризми дар ҷомеа асосёфтаи Тоҷикистон (TATOS) ассотсиатсияи ҷавонест, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳии ҷамоавӣ сабти ном шудааст.

Сайёҳии ҷамоавӣ як намуди сайёҳиест, ки дар он сокинони маҳаллӣ бо бунёди меҳмонхонаҳои хурд, дӯкону мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои дастӣ, нигораҳо ва армуғонҳои миллӣ нақши муассир мегузоранд.

Замина ва рушди сайёҳии ҷамоавиро иқтидори фарҳангӣ, таърихӣ, захираҳои сайёҳӣ ва истеъдоду қобилияти мардуми маҳаллӣ ташкил медиҳад.

Сайёҳии ҷамоавӣ феълан дар ҷаҳон ҳамчун стратегия барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ истифода мешавад.

Ёдрас мешавем, ки давоми соли 2021 Кумита бо дастгирии шарикон ва мақомоти маҳаллӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Душанбе таҳти унвони “Сайёҳии ҷамоавӣ ҳамчун самти афзалиятноки рушди сайёҳӣ дар кишвар” силсилаи ҳамоиш-машваратҳо баргузор намуд.