Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

Dushanbe
11:58 am, April 19, 2024
20°C
Wind: 7 mph
Pressure: 1008 mb

Минтақаҳо

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

ВМКБ моҳи январи соли 1925 бо қарори Куммитаи иҷроияи Марказии СССР таъсис дода шудааст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Қирғизистон дар шимол, бо Чин дар шарқ ва бо Афғонистон дар ҷанубу-ғарб ҳамсарҳад мебошад. Масофаи вилоят аз 64, 200 километр (ё 44, 5 % минтақаи Тоҷикистон) иборат мебошад. Вилоят аз 7 ноҳия ва маркази вилоят шаҳри Хоруғ иборат аст. Вилоят ба шаҳраки Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рушон, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб тақсим мешавад. 

ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Хатлон дар қисмати ҷанубии кӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст. Вилояти Хатлон чор шаҳр Бохтар, Кулоб, Норак, Левакант, ва 21 ноҳия Данғара, Панҷ, Балҷувон, Вахш, Восе, Данғара, Ҷомӣ, Ҷиликул, Қубодиён, Кулоб, Қумсангир, Муминобод, Норак, Панҷ, Роғун, Румӣ, Сарбанд, Темурмалик, Фархор, Мир Саид Али Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Ховалинг, Хуросон, Шаҳритус, Шуробод ва Ёвон иборат мебошад. Иқлими вилояти Хатлон континенталӣ буда, дарёҳои асосӣ он Панҷ, Вахш инчунин аз обанборҳои Селбур ва Муминобод, иборат мебошанд. www.khatlon.tj 

ВИЛОЯТИ СУҒД

Суғд яке аз вилоятҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Он 27 уми октябри соли 1939 ҳамчун вилояти Ленинобод таъсис дода шуда буд. Санаи 10 уми ноябри соли 2000 номи он ба вилояти Суғд тағйир дода шуд.  Вилоят дар шимоли Тоҷикистон, дар қаторкӯҳҳои Тиан Шан ва Ҳисор, қисмати шимолии водии Фарғона ҷойгир аст. Вилояти Суғд ба 14 ноҳия: Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Ҷабор Расулов, Зафаробод, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Куҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Панҷакент, Спитамен ва Шаҳристон тақсим карда шудааст. Маркази маъмурии он шаҳри Хуҷанд мебошад. Шаҳрҳо дар вилояти Суғд ин Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Исфара, Қайроқум, Конибодом, Панҷакент, Бустон ва Гулистон мебошад. Иқлими шаҳри Хуҷанд континенталӣ буда, дарёҳои асосӣ он Сирдарё ва Зарафшон мебошанд. Калонтарин ва машҳуртарин кул ин Искандаркул мебошад. Обанборҳои дигари обӣ ин Қайроққум, Фарҳод, Каттасой ва Даганасай мебошанд. www.sugd.tj

ДУШАНБЕ

Душанбе – аз соли 1925-ум пойтахти Ҷумхурии Точикистон ба шумор рафта яке аз ободтарину сераҳолитарин шаҳри кишвар ба хисоб меравад. Дар он корхонаву ташкилотхои калонтарин ва вазорату сохторҳои давлатӣ чойгир мебошанд. Дар шаҳри Душанбе сохторҳои маъмурии кишвар аз ҷумла Бошишгоҳи Президенти Чумхурии Точикистон, Ҳукумати кишвар, Парлумон, Вазорати иктисод, Вазорати мудофиа, Вазорати Молия, Бонки миллӣ, сафоратхонаҳо, Донишгоҳҳо, Марказҳои Савдо, Боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайраҳо мавҷуданд.

Аҳолии шаҳри Душанбе дар соли 2019 аз 851,3 хазор нафар ва бо мехмононе ки аз дуру наздик омада истикомати муваккати доранд ба 1,3 млн нафар мерасанд. Аҳолии шаҳри Душанбе аз миллатхои гуногун иборат буда асоси онро тоҷикон ташкил мекунанд. Ақалиятҳои миллӣ ба монанди узбекҳо, русҳо, қиргизҳо, туркманҳо ва ғайра, низ истиқомат мекунанд.

Шаҳри Душанбе аз нигоҳи ҷуғрофӣ 38° арзи шимолӣ ва 68° тули шарқӣ дар водии Хисор дар ду паҳлуи дарёи Душанбе (Варзоб), дар баландии 750-800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Масоҳати умумии шаҳри Душанбе 203,18 км² – ро ташкил медиҳад.

Дарозии шаҳр ба 14 километр баробар буда паҳноияш ба 15 км мерасад.

Шаҳри Душанбе ба чаҳор ноҳияи маъмури ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур тақсим шудааст: Аз тарафи шимоли шаҳри Душанбе ноҳияи Варзоб, аз чануб, ғарб ва шарқ ноҳияи Рудакӣ воқеъ мебошад. Қисми шимолии шаҳр баландтар ва қисми ҷанубиаш пастар мебошад. Аз тарафи шимолии шаҳри Душанбе куҳҳои Ҳисор воқеъ мебошад ва онхо сарчашмаи оби тозаи барфу пиряхҳо ва пешгирандаи шамолҳои, шиддатнок мебошанд. www.dushanbe.tj

ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ

ШНТҶ бо 13 минтақа дар маркази Тоҷикистон, аз қисмати ғарбии сарҳади Узбекистон ба шимоли Помир, қаторкӯҳҳои Ҳисор ва шимоли Қирғизистон ҷойгир мебошад. ШНТМ аз шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат (собиқ Кофарниҳон), Ҳисор, Лахш, Нуробод (собиқ Дарбанд), Рашт (собиқ Ғарм, Роғун, Рудакӣ (собиқ Ленинский), Сангвор, Тоҷикобод, Турсунзода, (собиқ Регар), Файзобод ва Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз калонтарин шаҳр дар кишвар ҳамчун маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ, мебошад. Душанбе дар баландии 800 м аз сатҳи баҳр дар водии баландпояи Ҳисор ҷойгир аст. Душанбе дорои фазои континенталӣ буда зимистонҳои сарду хушк дорад. Дарёи Душанбенка аз маркази шаҳр мегузарад ва дар марказ кули “Ҷавонон” ҷойгир аст. Дар шимоли шаҳр, водии Варзоб ҳамчун мавзеи истироҳатию фароғати вуҷуд дорад. Ноҳияи ноҳияи Варзоб ва дараи Ромити шаҳри Ваҳдат ба сифати мавзеи сайёҳӣ ва истироҳатӣ шинохта шудааст.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.81
US TJS/USD10.94
EU TJS/EUR11.85
RU TJS/RUB0.12
NBT · TJS · 09 Apr 
National Bank of Tajikistan
Check: 09 Apr 2024 03:40 UTC
Latest change: 08 Apr 2024 19:25 UTC
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

Dushanbe
11:58 am, April 19, 2024
20°C
Wind: 7 mph
Pressure: 1008 mb