Cе ширкати нави туристӣ — «Мадади Шарқ», «Амир саёҳат» ва «Сайри Шоҳин» вориди бозори сайёҳии Тоҷикистон гардиданд.

Ширкатҳои нави сайёҳӣ бо мақсади мусоидат дар роҳ ёфтани рақобати озоду солим дар бозори сайёҳии кишвар таъсис дода шудаанд.  Дар маросими ботантана, ки дар Душанбе доир гардид, ба роҳбарони ширкатҳои нави сайёҳӣ аз ҷониби муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ супорида шуд.

Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба захираҳои сайёҳӣ ва рушди соҳаи хизматрасонӣ бештар гардид. Зиёда аз 100 ширкати нави сайёҳӣ соҳиби иҷозатнома гардида, вориди бозори сайёҳии кишвар шуданд. Айни ҳол дар Тоҷикистон 226 ширкати ватанӣ дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доранд.

Дар мамлакати мо асосан навъҳои сайёҳии солимгардонию табобатӣ, шикор, экологӣ, аграрӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ маъмул мебошанд.