Кумитаи идоракуни

АМОНЗОДА ШИРИН ШОДӢ

РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЕҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

5 февраля соли 1978 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ точик, маълумоташ олӣ.
 

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ: 
1994-1999- донишҷўи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ
1999-2002- ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ
2000-2003 аспиранти  Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ
2001-2002 масъули комуникатсионии дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират, шаҳри Душанбе
2002-2004 котиби масъули коммуникатсионии Дафтари тоҷикистонии Кумитаи Шветсиягӣ оид ба Афғонистон, шаҳри Душанбе
2004 тарҷумони Комиссариати олии кор бо гурезаҳои Созмони милали муттаҳид, шаҳри Душанбе
2005 -2006 лавҳанигор – тарҷумони намоишгоҳи байналмилалӣ (ЭКСПО)-2005 дар шаҳри Айчӣ Ҷумҳурии Ҷопон
2006 -2007 сармутахассис оид ба Хадамоти протоколии Раёсати сиёсат дар соҳаи савдо, туризм ва фаъолияти биржавӣ, сармутахассиси Раёсати робита бо мамлакатҳои хориҷаи дури Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
2007-2008 мутахассиси пешбари Шуъбаи робита бо мамлакатҳои  хориҷаи  дури  Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
2008-2012 сармутахассиси Шуъбаи ҳамкориҳо бо мамлакатҳои хориҷаи дури  Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
2014-2016 давраи омўзишии такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Донишгоҳи Ритсумейкани Осиё ва Уқёнуси ороми кишвари Ҷопон
2012-2017 сармутахассиси Раёсати танзим ва рушди савдои хориҷии Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз соли 2017 то январи соли 2020

 

Аз январи  соли 2020

муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад

 Донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ ва ҷопонӣ

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд

 

 

АМИРБЕКЗОДА ҲАБИБУЛЛО

МУОВИНИ ЯКУМ

 

7 октябри соли 1979 дар ноҳияи Файзобод, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ точик, маълумоташ олӣ.

 

 

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
1996-2001 донишҷўи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
2001(11-12) котиби маҷлиси судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2001-2002 мутахассиси дараҷаи якум оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2002-2003 ёрдамчии раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2003 (02-05) мушовири Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2003 -2006 сардори Шуъбаи арзу шикоятҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2006 -2007 мудири Шуъбаи ҷамъбасткунии амалияи судӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба судҳои поёнӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2007-2008 ёрдамчии раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2008-2009 мутахассиси Шуъбаи кафолатҳои конститутсионии  ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
2009-2010 сармутахассиси Шуъбаи кафолатҳои конститутсионии  ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
2010 (01-06) сармутахассиси Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
2010-2015 роҳбари Дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2015-2017 муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз июни соли 2017 муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донандаи хуби забони русӣ

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд

 

 

МУМИНЗОД КАМОЛИДДИН 

МУОВИН

2 январи соли 1984 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ точик, маълумоташ олӣ.

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
1996-2001 донишҷўи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи ҳуқуқшиносӣ
2007-2010 Мутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ, Маркази давлатии татбиқи лоиҳаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сармутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ, Маркази давлатии татбиқи лоиҳаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

2010-2014 Мушовири Миллии Баҳодиҳӣ ва мониторинг/Ҳамоҳангсози лоиҳа/ Директори Корхонаи воҳиди давлатии Маркази миллии захираҳои ҷавонон – Маркази татбиқи лоиҳаҳо, Кумитаи давлатии кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
2012 Донишҷуи донишгоҳи славянии Тоҷикистон, факултаи иқтисодӣ
2014-2016 Мушовири хариди Муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2016-2018 Сармутахассис оид ба харид – Гурӯҳи идоракунии лоиҳа, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2018(02-12) Мутахассис оид ба харид дар ҶДММ “Самир Консалтинг”
2020 Хатмкунандаи донишгоҳи Тор Вергатаи Итолиё бо дараҷаи магистрӣ (сатҳи 2-ум) дар соҳаи иқтисодиёт
2018-2020 Мутахассис оид ба харид дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон
Аз майи 2020 Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донандаи хуби забонҳои русӣ ва англисӣ

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд