Дар Душанбе  дар доираи вохӯрии маъмурияти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Форуми сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. Тибқи иттилои  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар  Форум  роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ  тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи баргузории Форум густариши фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар шароити фарогири пандемияи COVID- 19 ва мубодилаи афкор байни мутахассисон ва коршиносон дар соҳаи сайёҳӣ мебошад.

Зикр шуд, ки  татбиқи «Барномаи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2022–2023» вазъи иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ-ро беҳтар намуда, барои ҷалби сайёҳон, ҷойҳои нави корӣ, муарифии маҳсулоти маҳаллӣ дар бозори ҷаҳонӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар ҷараёни Форуми сайёҳии давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай  байни иштирокчиён ва коршиносони соҳа ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа, густариши робитаи иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ ва ба ин васила муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон табодули афкор  сурат гирифт.