Дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/  дар Душанбе ҷаласаи коршиносони аршад барои омода намудани вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви СҲШ бо иштироки намояндагони кишварҳои Ҳиндустон, Чин, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия ва  Тоҷикистон дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ доир гардид. Баргузории вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви СҲШ 15-16 июли соли  равон дар доираи ҳамоиши ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ, ки  16-17 сентябр дар Душанбе доир мегардад, ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ дар шароити таҳдиди ҷаҳонии пандемияи COVID-19, имконоти эҷоди хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва таъмини амнияти сайёҳон дар ин хатсайрҳо байни кишварҳои узви СҲШ, лоиҳаи Нақшаи амалиёти муштарак барои солҳои 2021-2022 оид ба татбиқи Барномаи ҳамкории СҲШ дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуданд.

Инчунин лоиҳаи Протокол ва иртиботи иттилоотӣ аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ тасдиқ гардида, омодагӣ ба мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ, форуми сайёҳии СҲШ ва фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои узви СҲШ, лоиҳаи Протоколи ҷаласаи коршиносони маъмурияти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ дар бораи омодагӣ ба ҷаласаи сарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви СҲШ-ро муҳокима намуданд.

Яке аз ҳадафҳои асосии СҲШ дар баробари таҳкими боварии мутақобилан судманд ва ҳамсоягии неки кишварҳои аъзо, мусоидат ба ҳамкории самарабахш дар соҳаи сайёҳӣ низ маҳсуб меёбад.