Дастгирии ниёзмандон дар арафаи иди саиди Фитр

Имрӯз дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ дар арафаи иди саиди Фитр ба Муасиссаи давлатии “Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе” кумаки моддии якдафъаина расонида шуд.

Кумаки хайрхоҳона аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла гушт, тухм, шири хушк ва дигар намуди маҳсулоти озуқаворӣ иборат буданд.

Роҳбарияти Кумита бевосита бо ниёзмандон суҳбат карда, онҳоро бо саиди Фитр табрик намуд.

Додани фитри рӯза, дигар хайроту садақот ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи имонии ҳар як шахси муъмину савобҷӯй мебошад. Ин нуктаро Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии хеш ба муносибати иди саиди Фитр изҳор доштанд.