Иштирокдорони ҳамоиш вобаста ба самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ ибрози ақида намуданд.  Зикр шуд, ки манзараҳои зебо, дарахту буттаҳои ороишӣ, ҳавзҳои пуроб манбаи сиҳативу омили табобат барои сайёҳони дохилию хориҷӣ маҳсуб меёбанд. Ҳамзамон дар шаҳр осоишгоҳҳо,  марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ  мавҷуд буда, онҳо бо намудҳои гуногуни дастгоҳҳои муолиҷавӣ ва хизматрасонии маданию маишӣ дар дохил ва хориҷи кишвар маълуманд.

Зимни  муаррифии имконияти сайёҳии шаҳри Турсунзода гуфта шуд, ки рушди соҳаи сайёҳии экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, шикор, таърихию фарҳангӣ барои шаҳри Турсунзода хос мебошад.     Имконоти рушди сайёҳӣ дар шаҳр- ин хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», фермаи «Оҳуи холдор», воқеъ дар базаи хоҷагии ҷангалу шикори «Қаратоғ», боғи таърихӣ — табиии «Ширкент», саёҳати кӯҳӣ дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, изи динозаврҳо дар мавзеи «Ширкент», деҳаи қадимаи кӯҳии «Пашми кӯҳна»-и дорои табиати нотакрор дар дараи «Ширкент» мебошанд. Инчунин дар шаҳр бештар аз 20 адад муассисаҳои истироҳативу солимгардонӣ, аз ҷумла КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», «Табибон», «Шифо», «Эдем Аква», «Азиза», «Муфид» фаъолияти густурда доранд. Ҳамзамон имконияти мавзеъҳои Патру, дараи Ҳакимӣ, Париён ва кӯли Темурдара аз мавзеъҳои ҷолиб ва тамошобоби минтақа маҳсуб меёбад.

Баъд аз ҳамоиш иштирокчиён аз тарзи хизматрасонии истироҳатгоҳҳои «Ширкент» ва «Куран» бо мақсади пешниҳоди хатсайрҳои сайёҳӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ аз наздик шинос шуда, аз намоиши имконоти сайёҳии шаҳри Турсунзода дидан намуданд.