Дар шаҳри Панҷакент маркази иттилоотии сайёҳии Саразм ва марказҳои ҳунармандӣ ба фаъолият оғоз намуд

Ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар даромадгоҳи пойгоҳи бостоншиносии Саразм 6 маркази ҳунармандӣ сохта шуд, ки як маркази он иттилоотии сайёҳӣ буда, барои сайёҳон ва фурӯши армуғонҳо пешбинӣ гардидааст.
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мавзеи таърихии Саразм аз маркази иттилоотии сайёҳии Саразм ва марказҳои ҳунармандӣ дидан намуданд.
Аз рӯи имкониятҳои сайёҳӣ шаҳри бостонии Панҷакент барои рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва этнографӣ, инчунин сайёҳии экологӣ мусоид буда, мавҷудияти яке аз маконҳои таърихӣ — Саразм, ки ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст, диққати сайёҳонро ба худ бештар ҷалб месозад.
Дар шаҳр айни замон 21 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад.
Соли 2019, 72 ҳазору 736 нафар сайёҳ аз шаҳри Панҷакент дидан намуд. Аз ин шумора 34 ҳазору 28 нафарашонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2020, 2 ҳазору 267 нафар сайёҳ аз шаҳр дидан намуд, ки аз ин шумора 89 нафарашонро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Бо мақсади ҳарчи бештар муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳии минтақа бо дастгири Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ 12 адад хатсайри сайёҳӣ бо фарогирии мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва экологӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм таҳия гардида, пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат гардонида шуд.