Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими рушди саёҳати дохилӣ ва муаррифии зарфиятҳои сайёҳии мамлакат 5-6 сентябр Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташаббускорони лоиҳаи HICA «Hi, Central Asia» ва ширкати «Go Travel Tajikistan» дар мавзеи сайёҳии Сари Хосори ноҳияи Балҷувон сайру саёҳати сафарӣ ва Этно-фестивал ташкил намуд. Ҳайати сайёҳон ва иштирокдорони фестивал аз намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, ширкатҳои сайёҳӣ ва донишҷӯёну аспирантҳои Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон иборат буд.

Дар доираи сафар сайёҳон аз чанорҳои кӯҳани мавзеи Даштаи ноҳияи Балҷувон дидан намуданд. Тибқи барномаи фестивал, шабона меҳмонон дар майдони кушоди меҳмонхонаи Сари Хосор гулхан афрохта, дар атрофи он шеъру сурудхонӣ ва рақсу бозӣ карданд.

Субҳи содиқ меҳмонон дастаҷамъона дар назди шаршараи овозадори Сари Хосор тулӯи хуршедро пешвоз гирифтанд. Шаршараи мазкур дар фарози 2010 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, аз баланди 57 метр ба замин сарозер мегардад.

 

 

Пас аз наҳорӣ сайёҳон ба ду гурӯҳ тақсим шуда, пойи пиёда ба дараи Чангоб ва боғи бобои Турахон рафтанд, ки дар масофаи 5 километр дур аз мавзеи хушманзараи Сари Хосор ҷойгиранд.Сайёҳон се вақт бо таомҳои лазизи миллӣ, аз қабили қурутоб, кулча бо ширу равған, ширбиринҷ ва оши палав меҳмондорӣ гардиданд.Табиати зебою нотакрор ва насими форами водӣ ба меҳмонон рӯҳу илҳоми тоза бахшида, пешниҳод намуданд, ки чунин барномаҳои саёҳати дохилӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ бештар ташкил карда шаванд.