Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамкорӣ бо ассотсиатсияҳои “Шӯрои рушди туризм” ва “Шӯрои Зарафшон оид ба туризм” дар ноҳияи Данғара семинар оид ба маркетинги саёҳати кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва зиёда аз 40 хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Данғара баҳри муаррифии зарфиятҳои сайёҳии минтақа бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ чорабиниҳои зиёди тарғиботӣ анҷом дода шуданд.

Имкониятҳои ноҳияи Данғара барои рушди намудҳои сайёҳии аграрӣ, шикор ва гастрономию экологӣ хеле мувофиқ буда, аз рӯи таҳлилҳо сайёҳон асосан мавсими баҳору Наврӯз аз талу теппаҳои лолазор, алафзор, гиёҳҳои худрӯю шифобахши минтақа боздид намуда, ҳаловат мебаранд.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён оид ба ҷалби донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бо мақсади рушди додани сайёҳии аграрӣ дар ноҳия баромад намуда, омодагии ҳамкории муассисаро бо Кумита ва хоҷагиҳои деҳқонӣ иброз дошт.

Дар хатми машғулият иштирокчиёнро Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара бо сертификатҳо қадрдонӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки чунин семинарҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Нуробод Шаҳристон низ ташкил ва гузаронида шуданд.