Ба муносибати 26 солагии таъсисёбии ҲХДТ дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Исҳоқӣ Ҳусния ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Расулзода Насимҷон баргузор гардид.

Ҳамзамон дар кори ҳамоиш раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ” бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзоёни ташкилот муҳтарам Ҷӯразода Тоҷиддин интихоб гардид.

Дар кори ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим ва роҳбарияти Кумита ҳозиринро ба муносибати 26 солагии таъсисёбии ҲХДТ ба рӯзи таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод намуда, оид ба таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маърӯза намуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои қадрдонӣ намудани аъзоёни фаъоли ташкилот ва кормандоне, ки ба аъзогии ҲХДТ шомил шуданд, сипосномаҳо ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардид.