Имрӯз, дар маҷлисгоҳи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад кормандони  дастгоҳи марказӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Ҷамъомадро раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин иди саид ва ҷашни бағоят муҳими таърихию сиёсӣ табрику таҳният гуфта, оид ба нақши забони давлатӣ, ки пойдевори устувори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад, маълумоти муфассал дод.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии имсолаашон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд.

Маҳз дар ҳамин давра забони тоҷикӣ дар бахтномаи миллат – Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати забони давлатӣ эътироф ва дарҷ гардид.

Сарвари давлат бори дигар таъкид доштанд, ки забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буда, чун ҷисми зинда барои афзудани тавонмандии худ ба ғамхориву пуштибонии пайвастаи давлату ҷомеа ниёз дорад.

Аз ин рӯ ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд забонро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд. Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо низ ин бо истифода аз дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияҳои пешрафта, ҳамчун наслҳои закиву донишманд, соҳибмаърифату соҳибмаълумот дар оянда тақдири давлату миллати худро ба даст гирем.