Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз 28 сентябр то 1 октябр дар шаҳри Душанбе вобаста ба сайёҳии экологӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ёрирасони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ доир менамояд.
Машғулияти  омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо дар сиғаи онлайн бо иштироки коршиносони байналмилалӣ аз давлати Юнон баргузор мегардад. Ҳадафи машғулияти  омӯзишӣ мутобиқати сертификатсияи экологии давлат ба стандартҳои Иттиҳоди Аврупо, ҳифз ва нигоҳдории табиат бо роҳи сайёҳӣ ва сабзу хуррам нигоҳ доштани муҳити зист мебошад. Интизор меравад, ки моҳи октябр чунин машғулияти омӯзишӣ  дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Хуҷанд низ бо ҷалби субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ баргузор карда шаванд.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки сайёҳии экологӣ дар саноати туризм ва меҳмонпазироии ҷаҳон  нақши муҳим мебозад.
Тибқи маълумоти коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ,  дар зарфи 10 соли охир байни гардишгарон сайёҳии экологӣ бештар машҳур гашта, яке аз фишангҳои устувори рушд дар давлатҳои ҳавасманд маҳсуб меёбад.
Зарурати рушди сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба мавҷудияти захираю иқтидорҳои бои сайёҳӣ, инчунин  омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди маҳал дар минтақаҳои дурдасти мамлакат рабт дорад. Сарчашма хабар медиҳад, ки иқтидори иқтисодии сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон  бемаҳдуд аст. Бо дарназардошти хусусиятҳои хоси табиӣ ва таърихию фарҳангии мамлакат ва дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи мутахассисони соҳа, дар баробари дигар намудҳои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ сайёҳии экологӣ самти афзалиятнок ва ояндадор ба шумор меравад. Зеро пурсишҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ миёни сайёҳон бозгӯи он аст, ки аз ҷониби сайёҳони хориҷӣ дар баробари дигар навъҳои сайёҳӣ ба сайёҳии экологӣ бештар афзалият дода мешавад. Дар ин ҷода, ба рушди минбаъдаи сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон имконоти ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ, ки беш аз 20 фоизи қаламрави Тоҷикистонро дар бар мегиранд, мусоидат менамоянд.