Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

Ҳадафи вохӯрӣ густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ, ба ин васила рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии имконоти сайёҳӣ арзёбӣ мегардад. Дар вохӯрӣ  намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии сайёҳӣ, Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти сайёҳии Ҳиндустон, Қазоқистон, Покистон, Россия ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ роҳбарони мақомоти сайёҳии СҲШ масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои муштарак доир ба татбиқи Барномаи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2022 – 2023, масъалаҳои барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар шароити фарогири пандемияи COVID- 19-ро баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ байни иштирокчиён ва коршиносони соҳа доир ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар кишварҳои СҲШ табодули назар сурат гирифта, масъалаҳои марбут ба густариши робитаи иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ ва ба ин васила муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Инчунин имрӯз дар доираи вохӯрии роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои СҲШ дар Душанбе Форуми сайёҳии давлатҳои СҲШ ва пагоҳ дар Боғи Ирам Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ гузаронида мешаванд.