Имрӯз дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни бахши сайёҳии Донишкада бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки ҳамасола бо шаҳомати хоса дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, ҳамоиш дар мавзӯи “Рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон” доир шуд.
Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод дар кори ҳамоиш нахуст иштирокдоронро ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ табрик намуда, дар мавзӯи “Раванди тадбиқи сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза намуд.
Тазаккур дода шуд, ки сайёҳӣ на танҳо барои кишвар шуҳрат меафзояд, балки ба ҳар гўшаи он сармоя ворид месозад, ба ҳар деҳа ободӣ меорад, ба ҳар ҳунарманд бозору даромад фароҳам мекунад. Ин аст, ки рушди сайёҳӣ на танҳо як масъалаи фарҳангӣ ва миллӣ, балки он ҳамзамон як барномаи бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодист.
Имрӯзҳо бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар дар заминаи татбиқи ҳадафҳои эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳҷойҳо ва маконҳои дурдасти кишвар инфрасохтори зарурии сайёҳӣ бунёд гардида истодааст, ки барои ҷалби бештари сайёҳон, баланд бардоштани сатҳи некуҳволии минтақаҳои деҳот ва пайдо гардидани ҷойҳои навӣ корӣ ва дар маҷмуъ, рушди усутвори сайёҳӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тибқи барномаи ҳамоиш ҳамчунин Қурбонов Ёрмаҳмад и.в. мудири кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондории Донишкада дар мавзӯи “Таъсири COVID-19 ба рушди сайёҳии байналмилалӣ” баромад намуд. Қайд карда шуд, ки бинобар сабаби авҷ гирифтани бемории COVID-19 тамоми давлатҳо марзҳои худро бастанд, ки ин ҳолат ба паст шудани нишондиҳандаҳои сайёҳии байналмилалӣ гардид. Мавсуф зикр намуд, ки новобаста аз ҳолати мавҷуда, аксари кишварҳои ҷаҳон роҳои беҳтар намудани хизматрасониҳои сайёҳиро ҷустуҷӯ менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ дотсенти кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондорӣ Ашуралиев Муродалӣ дар мавзӯи “Истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафта вобаста ба рушди сайёҳии деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад карданд. Коршиноси соҳа таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро дар самти сайёҳии деҳот муаррифӣ намуда, роҳҳои ҷорӣ намудани хизматрасониҳои сайёҳии деҳотро ба ҳозирин пешниҳод намуд.
Дар интиҳои кори ҳамоиш миёни иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои матраҳшуда табодули афкор сурат гирифт.