Дирӯз бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия мизи мудаввар доир гардид.
Дар кории чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод ширкат варзида, ҳозиринро бо Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ таҳният гуфт.
Тазаккур дода шуд, ки кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дастгирӣ ёфт ва соли 2007 дар ҷаласаи 17-уми Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ гардид.
Дар пайравӣ бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, эълон шудани солҳои 2019-2021 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ соли 2020 дар саросари ҷаҳон “Соли рушди сайёҳӣ ва минтақаҳои деҳот” эълон гардид ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаббусҳои Сарвари давлат саривақтӣ буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта шуда, дар сатҳи байналмилалӣ пайравӣ ва татбиқ гардида истодаанд.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур устодону донишҷӯён бо рӯнамоҳо баромад карда, нақши сайёҳиро дар таъмини устувории иқтисодиёти мамлакат муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷом табодули афкор байни иштирокчиёни чорабинӣ сурат гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2008 то инҷониб ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар саросари кишварамон бо як шукуҳи шаҳоматӣ хоса таҷлил гардида, дар ин рузҳо чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ ва миллӣ, аз қабили конфронсҳо, фестивалҳо, форумҳо ва ғайра баргузор мегарданд.