Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Ректори Донишгоҳ профессор Нуралӣ Шоҳиён ҳамоиш доир гардид.

Дар кори ҳамоиш масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, ҷалби донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ дар дигар муассисаҳои олии таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Дар Донишгоҳи мазкур дар факултети идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳӣ 83 нафар донишҷӯ аз рӯи ихтисоси саёҳат ва меҳмондорӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Бояд гуфт, ки саноати сайёҳии замони муосир яке аз соҳаҳои рушдёбанда ва сердаромади иқтисоди ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

Бинобар ин, дар ин самт тайёр кардани мутахассисони ихтисосманди соҳа ва васеъ намудани арзҳои меҳмоннавозӣ, саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, барои мустаҳкам кардани симои ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари сайёҳии байналмилалӣ аз ҳадафҳои муҳими Кумита маҳсуб меёбад.