Дар доираи Фестивал ва Форуми байналмилалии сайёҳӣ ба шаҳри Душанбе сертификати «Пойтахти сайёҳӣ эълон гардидани Душанбе» супорида шуд

Бунёди иншооту кохҳои  хуштарҳу муҳташам, боғу гулгаштҳои зебо, меҳмонхонаҳо  ва муассисаҳои фарҳангӣ, ки бо ҳунари волои  меъморӣ бунёд ёфтаанд, имконоти хизматрасонии  Душанберо  ба сатҳи  меъёрҳои байналмилалӣ  ҷавобгӯ гардонида, омили муаррифии  пойтахти Тоҷикистон  дар арсаи ҷаҳон ҳамчун шаҳри сайёҳӣ  гардидааст.

Ин нукта дар Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ»  ва Форуми байналмилалии «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон», ки 29 август дар Душанбе доир гардид, зикр шуд.

Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ»  ва Форуми байналмилалии «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардида,  дар он намояндаи  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, котиботи СҲИ, намояндагони мақомоти сайёҳии кишварҳои Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон,  Покистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе ва доираҳои сайёҳии кишвар иштирок намуданд. Ҳадафи фестивал муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, рушди соҳа ва таҳкими ҳамкории сайёҳӣ миёни давлатҳои аъзои СҲИ мебошад.

Дар оғози расмии Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ» раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯразода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва муовини Котиби Генералии СҲИ Ҷандос Асанов сухан намуда, паёми Котиби Генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили тариқи видео намоиш дода шуд. Дар ин маросими ботантана ҳамчунин муовини Котиби генералии СҲИ Ҷандос Асанов сертификати пойтахти сайёҳӣ эълон гардидани шаҳри Душанберо барои солҳои 2020-2021 ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ супорид.

Дар Форуми байналмилалии «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон» раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода оид ба дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ ва зарфияти агротуризм дар Тоҷикистон ба ҳозирин маълумот дод.

Дар кори Форум ҳамчунин муовини Котиби генералии СҲИ Ҷандос Асанов ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ доир ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ва эълон гардидани шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои СҲИ маърӯза намуданд.

Мавсума Муинӣ иштирокдорони Фестивал ва Форуми сайёҳиро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шодбош гуфта, зикр намуд, ки чорабиниҳои сайёҳӣ дар замоне дар шаҳри Душанбе доир мегарданд, ки мардуми тоҷик дар остонаи ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қарор доранд. Шаҳри Душанбе ду сол муқаддам дар асоси қарори Шӯрои вазирони туризми кишварҳои узви СҲИ ҳамчун пойтахти сайёҳии СҲИ эълон гардид. Ин ташаббус ба густариши ҳамкорӣ бо СҲИ ва муаррифии дастовардҳои пойтахт мусоидат намуда, дар рушди сайёҳии шаҳри Душанбе такони ҷиддӣ бахшид. Қомат афрохтани биноҳои маъмурӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, ба фаъолият оғоз намудани корхонаю ширкатҳои гуногун, бунёду таҷдиди маконҳои фарҳангиву фароғатӣ, ба истифода додани тамрингоҳҳою майдончаҳои варзишӣ ва навсозии пулу роҳҳо, ки солҳои охир вусъат ёфтаанд, бидуни муболиға Душанберо ба пойтахти муосиру обод ва шаҳри сайёҳӣ табдил додаанд. Бунёди «Кохи Наврӯз» дар пойтахт, ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир мебошад, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ маҳсуб мешавад. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6 000- солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос менамояд ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст. Инчунин баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу тамошобоб барои сайёҳон, сокинону меҳмонони пойтахт маҳсуб мешавад.

Дар Фестивал ва Форуми байналмилалии сайёҳӣ зикр шуд, ки Душанбе ҳамчун шаҳри сулҳу дӯстӣ ҷиҳати рушди робитаҳои байнидавлатӣ бо шаҳру пойтахтҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла шаҳру пойтахтҳои кишварҳои аъзои СҲИ, назири шаҳри Лаҳори Покистон, Мазори Шарифи Афғонистон, Теҳрон ва Шерози Эрон, Анқараи Туркия, Ашқободи Туркманистон паймони бародаршаҳрӣ бастааст. Ҳамзамон дар ин радиф шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Созмони байналмилалии бародаршаҳрҳо, ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо, Ташкилоти ҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ мебошад. Инчунин бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва таваҷҷуҳу талошҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанебе соли 2018 шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) шомил гардида, тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Русия ба «Даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шаҳри муносиб дар айёми баҳор барои сайёҳӣ» ва ба «Даҳгонаи беҳтарин шаҳри саёҳат ва сафари шабона» ворид гардидааст.

Дар Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ» ва Форуми байналмилалии «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон» намояндагони мақомоти сайёҳии давлатҳои узви СҲИ — Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон оид ба рушди агротуризм дар кишварҳояшон тариқи рӯнамо маърӯза намуданд.

Зикр шуд, ки кишварҳои узви СҲИ дорои зарфият ва имконоти бои агротуризм мебошанд. Атрофи мавзӯъҳои баррасишуда миёни иштирокчиён муҳокима ва рушди минбаъдаи агротуризм дар кишварҳои аъзои СҲИ масъалагузорӣ гардид. Иштирокчиёни Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ» ва Форуми байналмилалии «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон» аз Маҷмааи давлатии «Кохи Наврӯз», ки яке аз иншооти ҷолиб барои меҳмонону сайёҳони ҷаҳон мебошад, боздид намуда, дар Намоишгоҳи Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ», ки дар Боғи Ирами пойтахт доир гардид, иштирок намуда, бо имконияту зарфият ва дастовардҳои сайёҳии Тоҷикистон шинос шуданд. Инчунин барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаши меҳмонон ва иштирокдорон гардонида шуд.

Дар доираи баргузории Фестивали байналмилалии «Душанбе –пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ» /СҲИ/ ва Форуми байналмилалии «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон» меҳмонон ва иштирокдорони он имрӯз ба шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода рафта, аз хоҷагиҳои ангурпарварӣ ва деҳқонии ин мавзеъҳо ҳамчун яке аз зарфияти рушди агротуризм боздид менамоянд.