Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии шаҳри Панҷакент, хоса Саразми бостонӣ ҳамчун шиносномаи сайёҳии Тоҷикистон, ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Панҷакент-шиносномаи сайёҳии Тоҷикистон» доир гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, намояндаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, Шуъбаи милитсияи сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва сардорони воҳидҳои сохтори сайёҳии маҳаллӣ, гуруҳи ҷавонони Авангард ҳузур доштанд.
Зимни суханронии худ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ намудани таъриху тамаддун, расму оин, ҷашну маросим, анъанаҳои миллӣ ва имкониятҳои сайёҳии Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи сайёҳӣ, соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дар идомаи ин ташаббус солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.
Дар доираи ин иқдоми бузург ва бо мақсади ҳифзи хотираи таърихии миллат бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат моҳи сентябри соли равон ҷашни 5500 – солагии Саразми бостонӣ таҷлил гардид, ки шаҳодат аз шаҳрофарию тамаддунофарии ин миллати кӯҳанбунёд ва қадимӣ будани сарзамини тоҷикон мебошад.
Шаҳри бостонии Панҷакент барои рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва этнографӣ, инчунин сайёҳии экологӣ мусоид буда, мавҷудияти яке аз маконҳои таърихӣ — шаҳри қадимаи Саразм, ки ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидааст, диққати сайёҳонро ба худ бештар ҷалб менамояд. Дар ҳудуди шаҳри қадимаи Панҷакент беш аз 350 ёдгории таърихӣ, манзараҳои нотакрори табиӣ, мавзеъҳои истироҳатию фароғатӣ, ба монанди Кӯли Калон ва Ҳафткӯл мавҷуданд, ки бо диданашон дар хотироти сайёҳон то дер нақш мебанданд.
Дар ин минтақа сайёҳони хориҷӣ бештар ба хатсайрҳои кӯҳӣ таваҷҷуҳ менамоянд. Барои ин гурӯҳҳо дар мавзеъҳои машҳур – Ҳафткӯл ва Кӯли Калон пойгоҳҳои пазироии сайёҳон бо ҳама шароити созгор ташкил шуда, ҳоло бунёди нуқтаҳои қабули сайёҳон дар хатсайрҳои кӯҳӣ бомаром идома дорад.
Бо дастгирии Кумита бо мақсади пешниҳоди хизматрасонии муносиб ва рақобати солим миёни субъектони хизматрасон ба 22 ширкат иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода шудааст. Ҳамзамон, 1 ташкилоти ҷамъиятӣ бо номи “Шӯрои туризми Зарафшон”, 14 меҳмонхона (бо 493 кати хоб), 22 хонаи меҳмонқабулкунӣ дар шаҳру деҳот, пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии Артуч, пойгоҳи сайёҳии «Марғзор», воқеъ дар соҳили шашум, кӯли «Марғзор»-и силсилакӯҳҳои Ҳафткӯл ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.
Маврид ба зикр аст, ки Панҷакент яке аз аввалин шаҳри Тоҷикистон аст, ки ба низоми ҷаҳонии Booking.com ворид карда шуд.
Тибқи таҳлилҳои оморӣ дар соли 2019, 72 ҳазору 736 нафар сайёҳ аз шаҳри Панҷакент дидан намуд. Аз ин шумора 34 ҳазору 28 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, ки аз шумораи умумии сайёҳони хориҷии ба кишвар ташрифоварда ҳамагӣ 2,8%-ашро ташкил медиҳад. Бо назардошти шароитҳои мавҷуда, шаҳри Панҷакент солона имкони қабули то 200 ҳазор сайёҳи хориҷиро дорад.
Қобили тазаккур аст, ки яке аз масъалаҳои муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ таъмини мутахассисони болаёқат дар иншооти қабулу хизматрасонӣ маҳсуб меёбад. Айни замон дар вилояти Суғд Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент мутахассисони соҳаро омода месозанд.
Тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул дар соҳаи сайёҳӣ, ташкил ва гузаронидани курсҳои бозомўзии кадрҳои хизматрасон, таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатии соҳаи сайёҳӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва бозори (меҳнати) сайёҳии кишвар яке аз ҳадафҳои олии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб меёбад.
Тибқи барномаи ҳамоиш оид ба муаррифии зарфиятҳои сайёҳии минтақа раиси шаҳри Панҷакент, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳо, Котиби Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, Ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, директори МД Пойгоҳи таърихию фарҳангии Саразм маърӯза намуданд.
Дар охир аз кори ҳамоиш натиҷагирӣ карда шуда, изҳорот қабул гардид.
Сипас, меҳмонон ба маконҳои ҷолиби шаҳри Панҷакент ташриф оварда, аз имкониятҳои қабулу хизматрасониҳои сайёҳии минтақа аз наздик шинос гардиданд.